Ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи Исфара нақшаи даъвати тирамоҳиро 100 фоиз иҷро намуданд

Октябрь 1, 2021 10:00

ДУШАНБЕ, 01.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар рўзи нахустини маъракаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ нақшаи пешбинишуда пурра ва саривақт иҷро шуд, хабар доданд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба АМИТ «Ховар».

Дар натиҷаи роҳандозии дурусту муассири корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби гурӯҳҳои таблиғотию ташвиқотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолон дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳба муносибати гусели гурӯҳи ҷавонони ватандӯст, ки ихтиёран ва бо амри дилу виҷдон азми хизмати Модар — Ватан кардаанд, ҷамъомади ботантана баргузор гардид.

Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода баробари изҳори сипос ва таманниёти нек ба наваскарон хизмат ба Ватан – Модарро рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандӣ арзёбӣ карда, аз таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат бобати муҳайё намудани шароити хуби хизмати ҳарбӣ ва зисти сарбозону афсарон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ёдовар шуд.

«Имрўз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан нишонаи равшани эҳсоси ватандўстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи кишвар мебошад», — гуфт Баҳоваддин Баҳодурзода.

Собиқадори меҳнат Бобоаҳмад Аҳмадов хизмат ба Ватан – Модарро рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандӣ арзёбӣ карда, гуфт, ки мардуми Тоҷикистон дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёну муҳофизони боэътимоди худро мебинанд ва дилпурона бо роҳи бунёдкориву созандагӣ пеш мераванд.

Ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастани ҷавонон падидаи сурурбахш буда, шаҳодати он аст, ки ҷавонони мо баҳри ҳимояи марзу буми аҷдодии хеш, таҳкиму сулҳу осоиштагӣ ва дастгирии сиёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҳаматарафа омодаанд.

Дар фарҷом модарони даъватшудагон бо пайгирӣ аз анъанаҳои дерин ба аскарбачагони оянда нон газониданд.

Барномаи рангини фарҳангӣ хотири иштирокдоронро болида гардонид.

 

АКС аз МИҲД шаҳри Исфара

Октябрь 1, 2021 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид