Аз ҳудуди Тоҷикистон ба Русия сафар намудани кӯдакони то синни 6-сола ба мӯҳлати 60 рӯз пас аз қабули ваксинаи охирини зидди бемории фалаҷ (иОПВ-2) манъ гардид

Октябрь 3, 2021 15:11

ДУШАНБЕ, 03.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Сартабиби давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2021 бо дарназардошти он, ки то 15 сентябри соли 2021 даврҳои Рӯзҳои миллии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди бемории фалаҷ анҷом дода шуданд ва тибқи мушоҳидаҳо, гардиши вируси бо ваксинатсия алоқаманди ОПВ-2 дар муҳити атроф, аз ҷумла дар фазлаи кӯдакони ваксинатсияшуда дар як марҳилаи аниқ муайян карда мешавад, аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия бевосита ва ё тавассути дигар давлатҳо сафар намудани кӯдакони то 6-сола ба муҳлати 60 рӯз пас аз қабули ваксинаи охирини зидди бемории фалаҷ (ОПВ-2) манъ карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҳолатҳои истисноӣ, бо дарназардошти то ба имзо расонидани қарори мазкур аз ҷониби волидайни кӯдакони ваксинашудаи то 6-сола харидорӣ намудани чиптаҳои ҳавопаймо барои сафар ба Федератсияи Русия бевосита аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё тавассути дигар давлатҳо танҳо бо шарти дар даст доштани ҳуҷҷатҳои зарурии иммунизатсияи кӯдакони то 6-сола бо дарҷи марҳилаҳои Рӯзҳои миллии иммунизатсия бар зидди бемории фалаҷ иҷозат дода мешавад.

Дар робита ба масъалаи мазкур Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Муассисаи давлатии “Маркази экспертизаи санитарию эпидемиологӣ, назорат дар нақлиёт ва сарҳадот” вазифадор карда шуданд, ки тавассути нуқтаҳои санитарию карантинии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар ва Хуҷанд, нуқтаҳои санитарию карантинӣ дар гузаргоҳҳои заминии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои вилояти Суғд, ки бо Ҷумҳурии Узбекистон ҳамсарҳад мебошанд, назорати сафари кӯдакони то 6-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Федератсияи Русия дар давраи татбиқи қарори мазкур, бо дарназардошти ҳолатҳои истисноӣ пурзӯр намоянд.

Аз ин лиҳоз, аз волидайн даъват ба амал оварда мешавад, ки қарори мазкурро нодида нагиранд ва то муҳлати мавриди амал қарор гирифтани он аз сафар бо кӯдакони то 6-солаи хеш ба Федератсияи Русия худдорӣ намоянд.

Дар ҳолати пайдо шудани савол вобаста ба масъалаи мазкур шаҳрвандони мамлакат метавонанд ба муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии маҳали зисти хеш муроҷиат кунанд.

Октябрь 3, 2021 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои сулҳофаронаи Президенти Тоҷикистон дар таҳкими амнияти минтақавию ҷаҳонӣ ва робитаҳои дӯстии мардумони кишварҳо беназир мебошанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Италия дар самти ҳимояи ҳамаҷонибаи ҳуқуқҳои соҳибкорону сармоягузорон табодули таҷриба намуд
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самти таъмини базилзилатобоварии биноҳо ва иншоот Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаи сиёсати ҷавонон барномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Гурда яке аз муҳимтарин узви бадани одам ба шумор меравад
Дар Душанбе Шурои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ доир шуд
Ба киҳо барои ба рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда баромадан кафолат дода мешавад? Шарҳи коршиносон
Барои таҳкими субот дар минтақаҳои аз офатҳои табиӣ осебпазир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин дар фасли баҳор боиси авҷи бемории гастрит мегардад
Дар Тоҷикистон 71 фоизи кормандони соҳаи тибро занон ташкил медиҳанд
Мумина Шовалиева: «Растаниҳои худрӯйи Тоҷикистон дар фасли баҳор ҷузъи ҷудонашавандаи таомҳои миллӣ мебошанд»
Занону модарони тоҷик тақдирсоз ва таърихсоз мебошанд