АЗМ БА ХИЗМАТИ ВАТАН! Дар ноҳияи Варзоб 42 нафар наваскарон соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шуданд

Октябрь 5, 2021 14:15

ВАРЗОБ, 05.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Варзоб бо иштироки масъулини ноҳия, даъватшавандагону падару модарон, ҷавонон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Рӯзи даъватшаванда ва Рӯзи забони давлатӣ ботантана таҷлил гардид. Дар ин рӯз собиқадорону масъулини ноҳия даъватшавандагонро бо Рӯзи забони давлатӣ ва азми хизмат ба Ватан намуданашон табрик гуфта, бо дуои нек ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел намуданд.

Раиси ноҳияи Варзоб Муҳаммадулло Шерализода гуфт, ки «Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот ва Истиқлолияти давлатӣ расидан, шукри соҳибватанию соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем».

Дар рӯзи аввали даъвати ҳарбӣ  ноҳияи Варзоб зиёда аз 60 фоизи нақшаи даъватро иҷро намуд. Ҳамчунин дар ҳамоиши мазкур ба 42  нафар наваскароне, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб курси ронандагии ТҶ  «Мададгори мудофиа» – ро хатм намуданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд.

Даъватшаванда Алӣ Ашуров аз Ҷамоати деҳоти Лучоби ноҳияи Варзоб иброз дошт, ки «дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлатамонро ба хубӣ дарк намуда, тасмим гирифтам, ки ба хотири ҳимояи марзу буми кишвар ва пойдории ваҳдату Истиқлолияти  давлатӣ дар як қисми низомии мамлакат хизмати Ватан –Модарро сарбаландона адо намоям».

Дар ҳамоиш зикр гардид, ки забони тоҷикӣ- мероси бузурги ниёгони некноми мо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст. Он имрӯз падидаи фарҳанги миллӣ буда, ба воситаи он ҳар нафар ҳувияти хешро мешиносад.

Ҳунармандони ноҳия барои болидахотирии наваскарону падару модарон барномаи консертии ҷолибро манзури ҳозирин гардониданд.

 

АКС аз АМИТ «Ховар»

Октябрь 5, 2021 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид