Бадахшон нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонписаронро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 100% иҷро намуд

Октябрь 1, 2021 17:12

ДУШАНБЕ, 01.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз аввалинҳо шуда нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонписаронро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 фоиз иҷро намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ВМКБ хабар доданд.

Имрӯз ба ин муносибат дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бо иштироки раиси вилоят Ёдгор Файзов, раиси шаҳри Хоруғ Мирзонабот Алишер, раиси ноҳияи Ишкошим Мусо Мирзозода, роҳбарият ва масъулини мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии дигар ноҳияҳо, сарбозон, наваскарону волидони онҳо чорабинии гусели наваскарон доир гардид.

Раиси вилоят Ё. Файзовзикр кард, ки ҷавонони бонангу ори вилояти Бадахшон бори дигар матонат, вафодорӣ ва қарзи фарзандиро дар назди Ватан – модар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамаи тоҷикистониён собит намуданд.

«Ҳамаи мо дар қалбу ниҳоди худ таассурот аз ташрифи навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ, таҷлили бошукӯҳи ҷашни сисолагии соҳибистиқлолиро дорему дар ин асно чи қадар корҳои ободонию созандагие дар тамоми соҳаҳо рӯи кор омаданд. Вале туҳфаи беҳтарин, ки чанде пеш аз забони худи Пешвои миллат садо дод, инро метавон корнамоии ҷавонони ВМКБ дар самти даъват ба хизмати ҳарбӣ унвон кард, зеро онҳо ин дафъа ҳам нақшаи даъватро бо сари баланд иҷро намуданд»- афзуд Ёдгор Файзов.

Маврид ба зикр аст, ки тайи чанд со ласт Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон яке аз аввалинҳо шуда нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро дар рӯзи нахустини сафарбаркунӣ иҷро менамояд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилояти Бадахшон, ки рӯзҳои 27-30 сентябри соли ҷорӣ сурат гирифт, аз доштани ҳисси баланди ватандорӣ ва масъулиятшиносии ҷавонони Бадахшон изҳори ситоиш намуда, ба масъулин ва мардуми Бадахшон барои ин амали шоиста арзи сипос карданд.

Дар ин чорабинӣ кӯдакону наваскарон дар васфи шуҷоату мардонагӣ шеърхонӣ ва баромадҳо намуданд. Инчунин аҳли фарҳанги вилоят барномаи ҷолиби консертиро пешкаши ҳозирин гардониданд.

АСС аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ВМКБ

Октябрь 1, 2021 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид