Барномаи «Дармон»-и Радиои «Ховар» қарори Сартабиби давлатии санитарии Тоҷикистонро шарҳ медиҳад
ДУШАНБЕ, 07.10.21. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи қарори Сартабиби давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд кӯдакони то 6-сола ба муҳлати 60 рӯз пас аз қабули ваксинаи охирини зидди бемории фалаҷ наметавонанд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия сафар намоянд. Ин дар ҳолест, ки то 15 сентябри соли равон дар мамлакат даврҳои Рӯзҳои миллии иммунизатсия бар зидди бемории фалаҷ баргузор гардиданд. Пас суоли матраҳ ин аст, ки қарори мазкур танҳо барои сафар ба Федератсияи Русия пешбинӣ шудааст ва ё ба дигар кишварҳо низ дахл дорад? Оё волидайн метавонанд дар дилхоҳ вақт фарзандони худро ба муассисаҳои тиббии мамлакат бурда, ваксинаи зидди бемории фалаҷ гиранд ва ё танҳо дар Рӯзҳои миллии иммунизатсия бар зидди ин беморӣ?
Ба ин ва дигар саволҳои марбут ба мавзӯъ сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Наврӯз Ҷаъфаров дар барномаи навбатии «Дармон» посух мегӯяд.
Шумо метавонед ин барномаро имрӯз соати 09:30 (асл), инчунин такроран соатҳои 17:30 ва 21:30 дар пешниҳоди муҳаррир ва масъули барнома Нарзулло Ализода аз Радиои «Ховар» дар мавҷи 101,5 FM бишнавед.








ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад






