Барои корхонаҳои партовкашонии Душанбе 460 адад техникаҳои махсуси коммуналӣ дастрас шуданд

Октябрь 24, 2021 09:14

ДУШАНБЕ, 24.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе  дар доираи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корхонаҳои партовкашонии ноҳияҳои пойтахт 460 адад техникаҳои махсуси коммуналӣ, аз ҷумла нақлиёти партовкашонӣ харидорӣ намудааст. Дар ин хусус Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бо  харидории беш аз 400 адад техникаҳои махсуси коммуналӣ фаъолияти корхонаҳои партовкашонӣ дар пойтахт тавсеа ёфта, сатҳу сифати хизматрасонӣ беҳ  ва  ҳолати санитарию экологӣ хубтар мегардад.

Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар самти истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳо дар якҷоягӣ бо нозирони шуъбаи Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ нисбат ба 798 нафар шахсони воқеӣ ва мансабдор санади маъмурӣ тартиб додааст.

Дар ҳудуди шаҳри Душанбе 1707 адад нуқтаҳои партовҷамъкунӣ мавҷуд буда, ҳар рӯз ба Корхонаи воҳиди давлатии «Партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе»  ба ҳисоби миёна 650-750 тонна партов бароварда мешавад.

АКС:  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

Октябрь 24, 2021 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи шоир, адиби классикии асри миёнаи Гурҷистон Шота Руставелӣ баргузор гардид
Бо мақсади муаррифии бештари имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе лоиҳаи инноватсионии «QR-роҳнамо» таҳия гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон — меъмори сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон
Дар Душанбе хатсайри нави автобуси барқӣ ба фаъолият оғоз намуд
Масоили рушди низоми нақлиёти шаҳри Душанбе бо БАТР баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ. Ин чорабинӣ дар фазои идона баргузор шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ПАНҶ. Деҳқонон беҳтарин маҳсулоти кишоварзиро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт намуданд
Имрӯз дар пойтахт Рӯзҳои фарҳангии ноҳияҳои Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мегардад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ доир шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Аз маҳсулоти кишоварзӣ то ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ гардид