Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи «Кафолатбонк»-ро бозхонд намуд
ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо сабабҳои асоснок иҷозатномаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Кафолатбонк» аз дирӯз бозхонд карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Тадбири мазкур дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ва «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ» андешида шудааст, хабар медиҳад манбаъ.
Дар асоси қарори БМТ гузаронидани тамоми амалиёти хароҷоти нақдӣ ва ғайринақдӣ, интиқоли маблағҳо аз як суратҳисоб ба дигар суратҳисоб, интиқол ва бегонакунии дороӣ ва молу мулкӣ дар ҶСП «Кафолатбонк» манъ карда мешавад.
Акс аз манбаъҳои боз








Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5863 то 9.6100 сомонӣ муқаррар шудааст
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид






