Дар Анқара миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия машваратҳои сиёсӣ баргузор шуданд
ДУШАНБЕ, 26.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 25 октябр дар шаҳри Анқара миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия машваратҳои сиёсӣ баргузор гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳайати Тоҷикистонро муовини сардори Раёсати кишварҳои Ховари Миёна ва Африқои Вазорати корҳои хориҷӣ Муҳаммадӣ Музаффар ва ҳайати Туркияро сардори Сарраёсати муносибатҳои дуҷонибаи сиёсии (Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ, Қафқоз) Вазорати корҳои хориҷӣ Ёнет Ҷан Тезел роҳбарӣ карданд.
Зимни машваратҳо тарафҳо масоили рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия ва роҳҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, ҳамлу нақл, маориф ва фарҳанг, амният ва тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва дигар мавзӯоти мавриди эҳтимоми тарафайн гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






