Дар Душанбе ҳамкории Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо UNODC баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 21.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Тоҷикистон Мустафо Юнал Эртен мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар медиҳад.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҳамкорӣ муколамаи судманд анҷом дода, омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳои минбаъда баён карданд.
Таъкид гардид, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба рушди бемайлони робитаҳо бо UNODC дар Тоҷикистон аҳамияти хосса дода, дар ҳамбастагӣ якчанд чорабинии мақсаднок роҳандозӣ намуд.
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки вохӯрӣ барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкории дуҷониба заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






