Дар Душанбе Анҷумани VI омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 26.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. 28-29 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Анҷумани VI омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Фазои таълимии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил- манбаи стратегии рушди устувор» ва нахустин Фестивали маҳорати педагогии омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви ИДМ баргузор мегардад, ки дар он омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи Русия, Беларус, Арманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон иштирок мекунанд, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Анҷуман аз рӯйи 5 номина баргузор гардида, дар он муайян кардани роҳҳои муассири таъмини таълими дастрас ва босифат дар ҳама сатҳҳо ва рақамикунонӣ дар соҳаи маориф, вазъ ва дурнамои рушди илми педагогика дар кишварҳои ИДМ, муносибатҳои инноватсионӣ дар татбиқи стандартҳои касбии омӯзгор ва ташкили корҳои таълимӣ дар ташкилоти таълимии кишварҳои ИДМ, фаъолсозӣ ва рушди шарикӣ миёни ташкилоти таълимии кишварҳои узви ИДМ бо мақсади таҳкими ҳамкории байналмилалии башардӯстона дар фазои ИДМ, ҳамкорӣ дар паҳн ва ҳифзи забони русӣ ҳамчун воситаи муҳимтарини ҳамгироии кишварҳои узви ИДМ баррасӣ мегардад.
Фестивали маҳорати педагогии омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви ИДМ баъд аз маросими муқаддимавӣ аз рӯйи номинаҳои «Муаллим», «Мураббӣ» ва «Равоншиносӣ» ба кори худ идома медиҳад. Дар фарҷом ба иштирокчиёни Фестивал диплом супорида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Анҷумани омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ду сол як маротиба доир шуда, ба фароҳам овардани шароит барои рушди равандҳои ҳамгироӣ, ҷустуҷӯи фаъолонаи шаклҳо ва механизмҳои нави ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи маориф мусоидат менамояд.
АКС аз Вазорати маориф ва илми ҶТ








«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд






