Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2021. Тирамоҳ» доир мегардад
ДУШАНБЕ, 11.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 13 то 15 октябр дар Маҷмааи варзишии «Манеж» дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2021. Тирамоҳ» доир мегардад. Дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд.
Намоишгоҳ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Форуми байналхалқии сармоягузории «Душанбе-Инвест 2021» аз ҷониби Палатаи савдо ва саноат гузаронида мешавад.
Дар он истеҳсолкунандагони ватанӣ ва хориҷӣ маҳсулоти худро ба маърази тамошо хоҳанд гузошт.
Сокинон ва меҳмонон метавонанд аз намоишгоҳ дидан карда, маҳсулоти ғизоӣ, масолеҳи саноати сабук ва косибиро бо нархҳои дастрас харидорӣ намоянд.
Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2021. Тирамоҳ» одатан намояндагони ташкилоту корхонаҳо аз Русия, Беларус, Узбекистон, Чин, Покистон, Афғонистон, Кореяи ҷанубӣ, Индонезия иштирок менамуданд. Аммо соли равон бинобар паҳн гардидани бемории COVID-19 шумораи иштирокчиён аз манотиқи кишварҳои болозикр тасдиқ нагардидааст.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад






