Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ ва дурнамои рушди Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 29.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмиву амалии «Масъалаҳои мубрами муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатия», «Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ: самтҳои ҳамкорӣ ва дурнамои рушд» баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Конфронс намояндагони мақомоти давлатӣ, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, олимон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ, инчунин намояндагони созмонҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ширкат варзиданд.
Конфронс бо суханони ифтитоҳии муовини Вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода ва мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Маҳмадалӣ Раҷабиён оғоз ёфт.
Дар ҷараёни конфронс иштирокдорон дар бораи масъалаҳои мубрами муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатия, самтҳои ҳамкорӣ ва дурнамои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, дарёфти ҷойгоҳи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва ҷанбаҳои гуногуни дипломатия сухан карданд.

АКСҲО: ВКХ ҶТ








Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид






