Дар Душанбе зимни 30 амалиёти экологӣ соҳили дарёву каналҳо тоза карда шуданд

Октябрь 11, 2021 14:37

ДУШАНБЕ, 11.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Зарфи нуҳ моҳи соли  равон дар ҳудуди ноҳияҳои Фирдавсӣ, Исмоили Сомонӣ, Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе қариб 30 амалиёти экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуда, дар ҷараёни он ҳудуди  соҳили дарё ва каналҳо дар масофаи 20364,23 километр  тоза карда шуда, дар ҳаҷми 721 метри мураббаъ партов  ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.

Дар ин давра дар асоси маълумоти Муассисаи давлатии  «Раёсати обёрӣ»-и шаҳри Душанбе аз дохили каналу селпартоҳои ноҳияҳои пойтахт ба таври механикӣ 18736,05 метри   мураббаъ,  ба таври  дастӣ 1078,2 метри  мураббаъ корҳои тозакунӣ ба анҷом расонида шуда, дар маҷмӯъ ба миқдори 29368,56 тонна лойқа ва партовҳо бароварда шуданд.

Зимни баргузории корҳои соҳилтозакунӣ дар  дарёву каналҳо бо сокинони шаҳраку маҳаллаҳо вобаста ба риояи муқаррароти Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе ва талаботи қонунгузорӣ дар самти нигоҳдории муҳити зист, махсусан  тоза нигоҳ доштани соҳили дарёву манбаъҳои обӣ, муносибати оқилона бо сарватҳои табиӣ, аз ҷумла оби нӯшокӣ суҳбату вохӯриҳои судманд  гузарониа шуданд.

 Акс аз манбаъҳои боз

Октябрь 11, 2021 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад