Дар Гулистон вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд

Октябрь 19, 2021 15:20

ДУШАНБЕ, 19.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 12-19 октябр дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои  кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар Комиссияи муштараки демаркатсионӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни музокирот корҳои аломатгузорӣ дар хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон  баррасӣ гардиданд.

Зимни вохӯрӣ ҳуҷҷатгузории техникии демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон тасдиқ карда шуд.

Дар доираи вохӯрӣ сафари муштараки саҳроӣ ба минтақаҳои алоҳидаи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон сурат гирифт.

Вохӯрии навбатии гурӯҳи корӣ моҳи ноябри имсол дар Ҷумҳурии Узбекистон ба нақша гирифта шудааст.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.

Пас аз анҷоми вохӯрӣ Протокол ба имзо расид.

АКС аз бойгонӣ

Октябрь 19, 2021 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна