Дар Хоруғ доир ба сайёҳии ҷамоавӣ чун самти афзалиятноки рушд дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ХОРУҒ, 21.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти унвони “Сайёҳии ҷамоавӣ ҳамчун самти афзалиятноки рушди сайёҳӣ дар кишвар” ҳамоиш-машварат баргузор карданд, ки дар он намояндагони шуъбаи сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбаладону тарҷумонҳои ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Муовини раиси вилоят Умедҷон Носирзода гуфт, ки “сайёҳӣ яке аз соҳаҳои камхарҷ ва сердаромад ба шумор рафта, баъзе давлатҳои ҷаҳон аз ҳисоби он маблағҳои буҷети давлатиро ғанӣ месозанд. Табиати зебову афсункор ва иқлими фараҳафзои Тоҷикистон гӯё маҳз барои гардишгарӣ офарида шуда бошанд. Аммо барои ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳон ба кишвар мутахассисони варзидаи ин соҳа заруранд. Дар робита ба ин масъала Пешвои миллат низ дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ таъкид доштанд, ки “бо мақсади рақобатпазир гардондани соҳа дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ моро зарур аст мутахассисони забондон, донандаи фарҳангу таърих ва технологияҳои муосирро омода кунем, кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбаладҳо, тарҷумонҳо ва дигар мутахассисони соҳаро мутобиқ ба талаботи бозори сайёҳӣ ба воя расонем”.
Дар ВМКБ дар масъалаи мутахассисони самти тарҷумонию роҳбаладӣ, меҳмонхонаву марказҳои хизматрасонӣ ягон мушкилӣ вуҷуд надорад. Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 39 меҳмонхонаи хурду бузург ва 169 хомстейҳо фаъолият доранд.
Муовини раиси вилоят аз роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ даъват намуд, ки ба масъалаи тарғибу ташвиқи маконҳои таърихӣ, қалъаҳои бостонӣ, чашмаҳои шифобахш ва амсоли инҳо аз тариқи воситаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода нақши соҳаи сайёҳиро дар инкишофи иқтисоди ҷумҳурӣ муҳим арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки дар манотиқи мухталифи кишвар зиёда аз 25 ҳазор иншоот сохта шудаанд, ки 7 ҳазори он маҳз ба соҳаи сайёҳӣ робита дорад.
Дар баробари бахши давлатӣ дар рушди ин соҳа бахши хусусӣ низ саҳми арзишманд гузошта метавонад. Сайёҳии ҷамоавӣ як намуди сайёҳиест, ки дар он сокинони маҳаллӣ бо бунёди меҳмонхонаҳои хурд, дӯкону мағозаҳои фурӯши ҳунарҳои дастӣ, нигораҳо ва армуғонҳои миллӣ нақши муассир мегузоранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






