Дар Хоруғ теъдоди майдончаҳои варзишии муосир ва марказҳои дилхушии кӯдакон меафзояд
ХОРУҒ, 23.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди биноҳои чорошёнаи маҳаллаи Табобатхонаи шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон майдончаи замонавии варзишӣ ва дар шафати он як майдончаи бозӣ барои кӯдакон низ сохта ба истифода дода шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар».
«Имрӯзҳо хурсандии кӯдакон, наврасон ва ҷавонони биноҳои маҳаллаи мазкур ҳадду канор надорад. Зеро онҳо соҳиби майдончаи замонавии варзишӣ гардиданд ва минбаъд имконият пайдо намуданд то рӯзҳои фориғ аз кор ва дарс дар ин майдонча ба варзиш машғул шаванду тарзи ҳаёти солимро пеш баранд.
Волидони кӯдакону наврасон низ аз кушодашавии майдончаҳо хеле шоданд, зеро баъд аз ин онҳо кӯдакони худро бо дили пур барои бозӣ ба ин майдонча меоранд», -шарҳ дод мухбир.
Дар маросими кушодашавии ин майдончаи варзишӣ раиси шаҳри Хоруғ Алишер Мирзонабот иброз дошт, ки мувофиқи нақша сохтмони чунин майдончаҳои варзишӣ минбаъд низ идома ёфта, ҳар як маҳаллаи шаҳр соҳиби чунин майдончаҳо хоҳад гашт. Ин майдонча бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 1 миллион сомонӣ бунёд гардида, корҳои сохтмони онро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Инвестстрой» бо сифати баланд анҷом додааст. Ҳадафи ягонаи Ҳукумати кишвар аз бунёди чунин майдончаҳо ин ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва оммавӣ намудани ин соҳа мебошад.
Хотиррасон менамоем, ки дар маҳаллаи Дашти болои шаҳр низ майдончаи варзишӣ ва Маркази дилхушии кӯдакон мавриди истифода қарор гирифт. Масоҳати ин майдончаи варзишӣ 37 метр ба дарозӣ ва 20 метр ба паҳноӣ буда, онро бинокорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Амир-Ҳамза» бо сифати баланд бунёд намуданд. Ҳамин тавр дар 12 маҳаллаи шаҳр чунин майдончаҳои муосири замонавӣ ва Маркази дилхушии кӯдакон сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.
АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






