Дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2020» дар Дубай гӯшаи намоишии Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид

Октябрь 4, 2021 13:27

ДУШАНБЕ, 04.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2020» гӯшаи намоишии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид, хабар доданд ба  АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ.

Дар он намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2020»,  Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссари генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Баҳодур Шарифӣ, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай Илҳом Абдураҳмонзода, Директори Раёсати иштирокчиёни байналмилалии «ЭКСПО 2020» Андре Дорадо, намояндагони қитъаҳои намоишии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Мариам Амирӣ, намояндагони корпуси дипломатии Тоҷикистон, кишварҳои иштирокчии намоишгоҳ, мудирияти «ЭКСПО 2020» ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок доштанд.

Қитъаи намоишии Тоҷикистон дар «ЭКСПО 2020» дар асоси ташаббусҳои глобалии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар зермавзӯи «Рушди устувор» таҳти унвони «Об барои рушди устувор» ташкил шудааст.


Дар гӯшаи намоишии Тоҷикистон бо такя ба санъати меъмории муосири миллӣ, бо истифода аз унсурҳои миллӣ, биноҳои зебо, табиати мафтункунанда, захираҳои обӣ, иқтидори сайёҳӣ, намунаи кӯҳҳои баланд, ҳунарҳои мардумӣ, боғҳои зебо ва ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ шудааст.

Ҳамин тариқ, бо имконоти хуби намоишӣ, имконияти табииву истеҳсолӣ, иқтидори гидроэнергетикӣ, аз ҷумла фарҳангу таърих, соҳаҳои саноату кишоварзӣ, инчунин сайёҳӣ ва сармоягузории Тоҷикистон, саноати хӯрокворӣ, кӯҳкорӣ, роҳсозӣ, шаҳрсозӣ, гиёҳҳои коркардшудаи шифобахш, ҳунарҳои мардумӣ, сайёҳӣ, ҳайвонҳои нодир, аз қабили гӯсфанди Марко Поло, бузи кӯҳии Морхур, бабри барфӣ ва ғайраҳо дар шакли расмҳои калонҳаҷм, амсила, видеофилмҳо, маводи иттилоотии чопӣ ва электронӣ ба ҷаҳониён манзур мегарданд.


Дар ҷараёни маросими расмии ифтитоҳи гӯшаи намоишии Тоҷикистон зикр гардид, ки иштироки Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2020» барои муаррифии дастовардҳои иктисодӣ, имконияти содиротӣ, таърих ва фарҳанги Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, дар умум кишварҳои Арабӣ ва инчунин дар сатҳи ҷаҳонӣ имкони хуб мебошад. Андре Дорадо- намояндаи мудирияти «ЭКСПО 2020» ба гӯшаи намоишии Тоҷикистон барои ташкили қитъаи зебо ва услуби ғайриодиву диққатҷалбкунандаи муаррифии имконияти Тоҷикистон баҳои баланд дод.

Дар намоишгоҳ вазорату идораҳои кишвар ва намояндагони бахши хусусӣ иштирок ва молу маҳсулот ва нигораҳои худро пешниҳод намуда, инчунин дар ташкили павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузоштанд.


Аз ҷумла, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, КВД «Шаҳри ҳушманд» -и назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Саридораи геологияи тоҷик, Корхонаҳои «Асали Тоҷикистон», «Авесто Групп», Ширкати ҳавопаймоии «Сомонэйр», корхонаи «Асрори санг», Бренди «LAAL TEXTILE», ширкати «Т&Z», Ассотсиатсияи ҳунармандони Суғд, Ассотсиатсияи шикорчиён ва дигар сохторҳои давлатӣ ва ширкатҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаҳои беҳтарин ва хушсифати маҳсулоти худро ба маъраз гузоштанд.

Намоишгоҳи умумиҷаҳонии «ЭКСПО — 2020» 30 сентябр дар маҷмааи «Алвасл» ташкил шуда, муддати 6 моҳ -аз 1 октябри соли 2021 то 1 апрели соли 2022 дар шаҳри  Дубайи  Амороти Муттаҳидаи Арабӣ амал мекунад.


Дар ин замина ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъа бо масоҳати умумии 430 м2 пешниҳод шудааст,  ки дар қабати якум масоҳати майдони намоишгоҳ  230 м2 ва дар қабати  дуюм масоҳати  200 м2 барои ҷойгир кардани анборхона,  идораи корӣ  ва дигар иншооти техникӣ пешбинӣ гардидааст.

АКСҲО аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ

Октябрь 4, 2021 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд барои дарёфти грантҳои раиси вилоят озмун баргузор мешавад
Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд
Сардхонаи муосири деҳоти «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён ба аҳолӣ хизмат мерасонад
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мешавад
120 гектар замини канори деҳаи Ғӯсари шаҳри Панҷакент бо оби полезӣ таъмин мегардад