Дар НБО-и «Норак» ва «Бойғозӣ» корҳои таъмир ва навсозӣ ҷараён доранд
НОРАК, 23.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар гидроагрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Норак» корҳои навсозӣ идома дошта, мувофиқи нақшаи неругоҳ, гидроагрегати №2 дар таъмири ҷорӣ қарор дорад. Ҳамчунин мувофиқи нақша рӯзҳои наздик дар баъзе гидроагрегатҳои дигари неругоҳ таъмири ҷорӣ гузаронида мешавад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд сармуҳандиси НБО-и «Норак» Маҳмадсаидзода Маҳмадамин хабар дод.
Мутахассисони НБО-и «Норак» барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 ва дар фасли зимистон таъмин намудани хоҷагии халқи мамлакат бо барқи хушсифат корҳои омодагӣ ва таъмири ҷорӣ, миёна ва асосии гидроагрегатҳо ва таҷҳизоти ёрирасонро мувофиқи нақша гузаронида истодаанд.
Тибқи иттилои сардори шуъбаи истеҳсоли техникии НБО-и «Норак» Анвар Киромаддинов, то имрӯз мутахассисон ин корхонаи бузург аз рӯи нақшаи корҳо барои омода намудани неругоҳ ба кори муътадил ва устувор дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 корҳои муҳим, аз ҷумла, захира намудани равғанҳои ТП–30 ва Т–1500, таъмири дегхонаи системаи гармидиҳӣ ва таъмини оби гарм, дар ҳолати омодабош нигоҳ доштани дизел-генераторҳо, баровардани селовардҳо аз барражҳои №1-2-и сой сафедоб ва аз ҳавзи сой Лагерро иҷро намудаанд.
Кормандони Неругоҳи барқи обии «Бойғозӣ» низ барои истеҳсоли барқи хушсифат дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 омодагии ҷиддӣ гирифтаанд. Муовини сардори хадамоти истифодаи техникии неругоҳи «Бойғозӣ» Тоҷиддин Зайниддинов гуфт, ки барои бо оби гарм ва низоми гармидиҳӣ таъмин намудани бинои маъмурии неругоҳ дар дегҳои барқии обии 1,2,3 таъмир гузаронида шуда, қисмҳои корношоями онҳо аз нав барқарор гардид.

Ҳамчунин барои таъмини бехатарии кормандон дар роҳи нақлиётгарди Чашма-Бойғозӣ ва Бойғозӣ-Оби туғ 30 метри кубӣ маводи зиддилағжиш, 500 км намак, 5 тонна сӯзишвории дизелӣ ва 2 тонна сӯзишвории бензин захира карда шудааст. Ҳамзамон техникаҳои неругоҳ дар ҳолати корӣ қарор доранд.
Масъулини неругоҳ гуфтанд, ки дар асоси нақшаи неругоҳ айни замон генератори дуюми неругоҳ дар таъмири ҷорӣ қарор дорад.
АКСҲО аз АМИТ “Ховар”








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






