Дар Нур-Султон масъалаи таҳвил додани маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ба Тоҷикистон баррасӣ гардид

Октябрь 5, 2021 17:22

ДУШАНБЕ, 05.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар Нур-Султон вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода ва муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худобахш бо муовини Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асет Магаумов баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот инчунин намояндагони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони ширкатҳои қазоқистонии «КазМунайГаз» ва «Тенгизшевройл» иштирок доштанд.

Ҷонибҳо масъалаҳои рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба, таҳвил додани маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ба Тоҷикистон, имзои шартномаҳо миёни воридоткунандагони тоҷикистонӣ ва корхонаҳои истеҳсолии қазоқистонӣ дар самтҳои мазкур, инчунин имконияти татбиқи меъёри сифрии хироҷҳои гумрукиро зимни анҷоми амалиёти дахлдори тиҷоратӣ баррасӣ намуданд.

 

АКС аз ВКХ ҶТ

Октябрь 5, 2021 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд