Дар Роғуну Турсунзодаю Тоҷикобод Иди Меҳргон — ҷашни ҳосилот пуршукӯҳ таҷлил гардид
ТОҶИКОБОД, 19.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Тоҷикобод ва шаҳрҳои Роғуну Турсунзода бо иштироки хоҷагидорону сокинон ва баргузории намоиши дастранчи деҳқонон, техникаҳои соҳаи кишоварзӣ ва барномаи фарҳангии санъаткорон Иди Меҳргон таҷлил шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Дар ин барномаҳо масъулин сокинонро бо куҳантарин иди мардуми ориёинажод, яъне ҷашни Меҳргон табрик намуда, изҳор доштанд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо иду ҷашнҳои миллӣ, балки маросими мухталифи мардумӣ низ аз нав эҳё гардида, барои дар сатҳи баланд доир кардани онҳо шароит фароҳам омад. Доир ба ҷашни Меҳргон Сарвари давлат назари некбинона дошта, онро куҳантарин ҷашни миллии мо медонанд ва ба арзишҳои он эҳтироми хосса доранд. Дар ҳамин асос ҷашни мазкур аз нав эҳё шуда, доир кардани он ҳамасола ба ҳукми анъана даромада истодааст.
Раиси шаҳри Роғун Музаффар Сулаймонзода зикр намуд, ки «Меҳргон яке аз ҷашнҳои бошукӯҳи мардуми ориётабор, аз ҷумла тоҷикон мебошад, ки аз замонҳои қадим ба мо мерос монда, аҷдодони гузаштаи хирадманди мо ин ҷашнро бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамуданд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёнидаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот ва дӯстию рафоқат мебошад. Яке аз унсурҳои ин ҷашн аз он иборат буд, ки мардум аз баракати ҳосили ҷамъовардаашон шукрона мекарданд ва либосҳои шинаму тоза ба бар карда, баракати солро дар баргузории ҷашни Меҳргон ифода намуда, шодию хурсандӣ менамуданд. Онҳо зимни таҷлили ин ид умед мекарданд, ки соли оянда ҳосил боз ҳам фаровон шавад ва дастархони мардум аз маҳсулоти кишоваозӣ фаровон гардад».
Дар фароварди барномаҳои идона масъулини ноҳияи Тоҷикобод ва шаҳрҳои Роғуну Турсунзода як гурӯҳ кормандони соҳаи кишоварзӣ, сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ, механизаторон ва дигар шахсонеро, ки дар истеҳсол ва ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ саҳми арзанда доранд, бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.
АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод








Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид






