Дар Роғуну Турсунзодаю Тоҷикобод Иди Меҳргон — ҷашни ҳосилот пуршукӯҳ таҷлил гардид

Октябрь 19, 2021 11:36

ТОҶИКОБОД, 19.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Тоҷикобод  ва шаҳрҳои Роғуну Турсунзода бо иштироки хоҷагидорону сокинон ва баргузории намоиши дастранчи деҳқонон, техникаҳои соҳаи кишоварзӣ ва барномаи фарҳангии санъаткорон  Иди Меҳргон таҷлил шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Дар ин барномаҳо масъулин сокинонро бо куҳантарин иди  мардуми ориёинажод, яъне ҷашни Меҳргон табрик намуда, изҳор доштанд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо иду ҷашнҳои миллӣ, балки маросими мухталифи мардумӣ низ аз нав эҳё гардида, барои дар сатҳи баланд доир кардани онҳо шароит фароҳам омад. Доир ба ҷашни Меҳргон Сарвари давлат  назари некбинона дошта, онро куҳантарин ҷашни миллии мо медонанд ва ба арзишҳои он эҳтироми хосса доранд. Дар ҳамин асос ҷашни мазкур аз нав эҳё шуда, доир кардани он ҳамасола ба ҳукми анъана даромада истодааст.

Раиси шаҳри Роғун Музаффар Сулаймонзода зикр намуд, ки «Меҳргон   яке  аз   ҷашнҳои  бошукӯҳи   мардуми  ориётабор,  аз  ҷумла  тоҷикон  мебошад,  ки  аз  замонҳои қадим   ба  мо  мерос  монда,  аҷдодони    гузаштаи   хирадманди  мо  ин  ҷашнро  бо  шукӯҳу  шаҳомати  хосса  таҷлил  менамуданд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёнидаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот ва  дӯстию рафоқат мебошад.  Яке  аз  унсурҳои  ин  ҷашн аз  он  иборат  буд,  ки  мардум  аз  баракати   ҳосили  ҷамъовардаашон  шукрона мекарданд  ва  либосҳои  шинаму  тоза  ба  бар  карда,  баракати  солро   дар  баргузории ҷашни  Меҳргон  ифода  намуда,   шодию  хурсандӣ   менамуданд. Онҳо зимни таҷлили ин ид умед мекарданд,  ки соли  оянда  ҳосил  боз  ҳам  фаровон  шавад   ва  дастархони  мардум  аз  маҳсулоти кишоваозӣ  фаровон  гардад».

Дар фароварди барномаҳои идона масъулини ноҳияи Тоҷикобод  ва шаҳрҳои Роғуну Турсунзода як гурӯҳ кормандони соҳаи кишоварзӣ, сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ, механизаторон ва дигар шахсонеро, ки дар истеҳсол ва ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ саҳми арзанда доранд, бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.

 

АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод

Октябрь 19, 2021 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт