Дар шаҳри Кӯлоб маросими Рӯзи даъватшаванда доир гардид
КӮЛОБ, 01.10 2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб маросими Рӯзи даъватшаванда баргузор шуд, ки зиёда аз 30 нафар ҷавонони ихтиёран ба комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб ҳозиршуда аз муоинаи тиббӣ гузашта, ба қисмҳои низомӣ равона карда шуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Бино ба иттилои комиссари ҳарбии шаҳри Кӯлоб Лоиқ Маҳмадиев, зиёда аз 30 нафар ҷавонон ба комиссариати ҳарбӣ омаданд ва марҳила ба марҳила сафи онҳо зиёд мегардад. Барои ҷалб кардани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ аз ҷониби раиси ҷамоат ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб миёни аҳолӣ вохӯрию корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, моҳияти хизмат ба ватан ба онҳо фаҳмонида шуд.
Натиҷаи ин аст, ки муроҷиати ихтиёрии ҷавонон барои рафтан ба сафи Артиши миллӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар гардидааст.
Навдаъват, сокини шаҳри Кӯлоб Назаралӣ Назарзода гуфт, ки «ман бо ихтиёри худ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир гардидам ва мехоҳам ба ватанам содиқона хизмат намоям, чунки хизмат ба Ватан қарзи ҳар ҷавон мебошад».
Сокини шаҳри Кӯлоб Расул Ҳамроев мегӯяд, ки «мо шукри истиқлолияти имрӯзаи давлатро дорем, чунки дар фазои амн ва осоиштагӣ умр ба сар мебарем. Мо вазифадорем ба Ватани азизамон аз сидқи дил хизмат намоем, ҳамеша парчамбардори ин миллат бошем. Аз ин рӯ тасмим гирифтам бо хоҳиши худ ба комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб ҳозир гардам ва дар қисми низомӣ хизмати аскариро адо намоям».
Падари наваскар Алихон Назаров гуфт, ки «ду писари ман хизмати Артиши миллиро адо кардаанд ва инак сеюмаш низ ба хизмати ҳарбӣ равона мебошад. Ман имрӯз медонам шароит дар қисмҳои низомӣ хуб ба роҳ монда шудааст ва фарзандони мо бо рӯҳияи баланд хизмати ҳарбиро ба итмом расонида, вазифаи хешро дар ҳифзи ватан сарбаландони иҷро менамоянд».
Бо баргузории барномаи фарҳангӣ ва савту навои дилнишин наваскарон ба қисмҳои низомӣ гусел карда шуданд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»








Котиби Шурои амният Юсуф Раҳмон бо Вазири давлатии Вазорати мудофиаи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Вернон Коаке мулоқот намуд
Ҷаласаи Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Барои пешгирии оқибатҳои сел селроҳаҳо ва роҳҳои обгузарро пешакӣ тоза намоед»
ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд






