Дар Тоҷикистон 188 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд

Октябрь 7, 2021 15:18

ДУШАНБЕ, 07.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон то 5 октябри соли 2021  188 ҳазор тонна пахтаи хом ҷамъоварӣ карда шуд. Бино ба иттилои агентии «АП», ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 ҳазор тонна бештар аст.

 Ҳиссаи асосии ҳосили ҷамъоваришуда ба хоҷагиҳои вилояти Хатлон рост меояд, ки дар онҳо зиёда аз 133 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон .

Дар вилояти Суғд, ки дертар ба чидани пахта шурӯъ карданд, тақрибан 53 ҳазор тонна, дар шаҳру навоҳии тобеи марказ то 2 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст.

Тоҷикистон соли 2021 ба нақша гирифтааст, ки аз майдони 174 ҳазору 155 гектар беш аз 400 ҳазор тонна пахтаи хом истеҳсол кунад.

Имсол ба кормандон барои ҷамъоварии 1 кг пахта 1 сомонӣ дода мешавад, соли гузашта ба онҳо 50 дирамӣ дода шуд.

Худи кишоварзон пахтаро ба ширкатҳои харидор бо нархи 8-9 сомонӣ мефурӯшанд, ки қаблан нархаш 4-5 сомонӣ буд.

Ба гуфтаи коршиносон, арзиши тавлиди 1 кг пахта бо назардошти болоравии нархи хадамоти таҷҳизот ва нуриҳо қариб 9 сомониро ташкил медиҳад.

                                                    АКС аз бойгонӣ

Октябрь 7, 2021 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд