Дар Тоҷикистон намояндагии «Agricultural Bank of China» ба фаъолият оғоз мекунад

Октябрь 19, 2021 15:24

ДУШАНБЕ, 19.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон ояндаи наздик намояндагии «Бонки кишоварзии Чин» /«Agricultural Bank of China»/ ба фаъолият шурӯъ  менамояд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон.

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» барои ифтитоҳи намояндагии Ҷамъияти саҳомии масъулияти маҳдуди «Бонки кишоварзии Чин» дар шаҳри Душанбе розигӣ дода шуд.

Дар асоси қарори мазкур Департаменти назорати бонкӣ вазифадор гардид, ки дар Феҳристи бақайдгирии намояндагиҳои бонкҳои хориҷӣ сабти дахлдор ворид намояд.

«Бонки кишоварзии Чин» ё «ABC Bank», ки 70 сол муқаддам, аниқтараш соли 1951 таъсис дода шудааст, сеюмин бонки бузург на танҳо дар Чин, балки дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Идораи марказии «ABC Bank» дар Пекин воқеъ буда, ба 320 миллион муштарӣ хизмат мерасонад.

   ДАР АКС: идораи марказии «ABC Bank» дар Пекин. Акс аз манбаи боз

Октябрь 19, 2021 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд