Дар Тоҷикистон таҳти унвони «Санъати ороишӣ дар фазои ИДМ» конференсияи байналмилалӣ доир шуд

Октябрь 26, 2021 14:20

ДУШАНБЕ, 26.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Санъати ороишӣ дар фазои ИДМ» дар доираи барномаи байналмилалии «Мероси Иттиҳод. Анъанаҳо барои оянда» бо иштироки 28 намоянда аз 8 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Русия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Узбекистон, Қирғизистон ва Арманистон конференсияи байналмилалӣ доир гардид, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев.

Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода дар ифтитоҳи конференсия зикр намуд, ки «дар ҷаҳони муосир осорхонаҳо дар ҳалли масъалаи ҳифз ва эҳёи анъанаҳои фарҳангии ҳар миллати алоҳида ҷои махсусро ишғол мекунанд. Чунки онҳо на танҳо махзани мероси моддию маънавии ниёгони мардуми ин ё он минтақа мебошанд, балки ба доираи васеи тамошобинон нигаронида шудаанд».

Конференсияи имрӯза барои рушди осорхонаҳо дар фазои ИДМ аҳамияти хосса дошта, ба паҳн кардани усулҳо, донишҳои коршиносон мусоидат карда, мубодилаи намоишҳоро инкишоф медиҳаду фаъолияти тадқиқотию таълимиро ҳавасманд мекунад. Зеро давоми ин солҳо бо баргузории чунин конференсияҳо садҳо мутахассисон аз тамоми кишварҳои ИДМ муттаҳид гардидаанд.

Ҳамчунин дар ин рӯз аз ҷониби иштирокдорон маърӯзаҳо доир ба санъати ороишӣ ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба он ироа гардиданд.

Конференсияи байналмилалии «Санъати ороишӣ дар фазои ИДМ» то 29 октябр идома ёфта, дар ин рӯзҳо иштирокдорон аз мавзеъҳои фарҳангии шаҳри Душанбе, ки дар онҳо санъати ороишӣ истифода гардидааст, дидан менамоянд.

АКСҲО аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Октябрь 26, 2021 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад