Дар вилояти Суғд Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 3.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст гардид. Дастаи шаҳри Хуҷанд бо гирифтани 29 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла, 8 ҷойи аввал, 11 ҷойи дуюм ва 10 ҷойи сеюм мақоми аввалро касб намуд, иттилоъ доданд дар мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар».
Дастаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ба даст овардани 16 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 3 ҷойи аввал, 6 ҷойи дуюм ва 7 ҷойи сеюм мақоми дуюм ва дастаи шаҳри Исфара бо гирифтани 9 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 2 ҷойи аввал, 5 ҷойи дуюм ва 2 ҷойи сеюм мақоми сеюмро ишғол намуданд.
Дар маҷмуъ, 79 нафар ғолибони озмун, аз ҷумла 15 ҷойи аввал, 30 ҷойи дуюм ва 34 ҷойи сеюм аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ, омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун (танҳо аз бахши ихтироъкорӣ ва навоварӣ) аз бахшҳои физика, химия, технологияи иттилоотӣ, математика, география, биология ва ихтироъкорию навоварӣ муайян гардида, ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд.
Ғолибон аз 15 шаҳру ноҳияҳои вилоят буда, ба панҷгонаи беҳтарин дастаҳои шаҳру ноҳияҳои Панҷакент (4 ҷойи ифтихорӣ) ва Деваштич (4 ҷойи ифтихорӣ) низ шомил гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» 22-24 сентябри соли 2021 бо иштироки 878 довталаб аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят дар мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Бӯстон баргузор гардид.
АКС :мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд








«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд






