Дар вилояти Суғд Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст гардид

Октябрь 3, 2021 09:04

ДУШАНБЕ, 3.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст гардид.  Дастаи шаҳри Хуҷанд бо гирифтани 29 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла, 8 ҷойи аввал, 11 ҷойи дуюм ва 10 ҷойи сеюм мақоми аввалро касб намуд, иттилоъ доданд дар мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар».

Дастаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ба даст овардани 16 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 3 ҷойи аввал, 6 ҷойи дуюм ва 7 ҷойи сеюм мақоми дуюм ва дастаи шаҳри Исфара бо гирифтани 9 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 2 ҷойи аввал, 5 ҷойи дуюм ва 2 ҷойи сеюм мақоми сеюмро ишғол намуданд.

Дар маҷмуъ, 79 нафар ғолибони озмун, аз ҷумла 15 ҷойи аввал, 30 ҷойи дуюм ва 34 ҷойи сеюм аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ, омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун (танҳо аз бахши ихтироъкорӣ ва навоварӣ) аз бахшҳои физика, химия, технологияи иттилоотӣ, математика, география, биология ва ихтироъкорию навоварӣ муайян гардида, ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд.

Ғолибон аз 15 шаҳру ноҳияҳои вилоят буда, ба панҷгонаи беҳтарин дастаҳои шаҳру ноҳияҳои Панҷакент (4 ҷойи ифтихорӣ) ва Деваштич (4 ҷойи ифтихорӣ) низ шомил гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» 22-24 сентябри соли 2021 бо иштироки 878 довталаб аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят дар мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Бӯстон баргузор гардид.

АКС :мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

Октябрь 3, 2021 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд