«ДИДАИ ДАРД». Таҳти чунин унвон китоби нави шоири тоҷик Гурез Сафар ба нашр расид

Октябрь 23, 2021 09:45

ДУШАНБЕ, 23.10.2021/АМИТ «Ховар»/.«Дидаи дард» — чунин ном дорад китоби тозанашри шоири шинохта, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода, Корманди шоистаи Тоҷикистон Гурез  Сафар. Китоби мазкур  дар  Корхонаи воҳиди давлатии  муҷтамаи табъу нашри «Шарқи Озод» — и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чоп баромадааст.

«Дидаи дард» аз шеъру ғазал, рубоиву дубайтӣ, резаҳо ва ашъори ҳаҷвии шоир, ки бори нахуст дар шакли китоб пешкаши хонанда мегардад, фароҳам омадааст.

Агар ашъори лирикии шоир, ки дар мавзӯъҳои гуногун эҷод шудаанд, бо равониву мушоҳидаи тоза дилнишин бошанд, ашъори ҳаҷвии ӯ сабки хосе доранд, ки ғолибан латифу ҳадафрасанд. «Дидаи дард» ном гирифтани маҷмӯа бесабаб нест, зеро шоир муддатест, ки  дард мекашад, ҳаётро бо дидаи пурдард мебинад, вале иродаи қавӣ ва устувор  дошта,  ба оянда бо чашми умед нигариста хушбин аст.

                                                                  АКС манбаъҳои боз

Октябрь 23, 2021 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд