«ЭЙ БЕХАБАР, БИКӮШ, КИ СОҲИБХАБАР ШАВӢ…». Имрӯз Рӯзи ёдбуди Ҳофизи Шерозист

Октябрь 12, 2021 10:34

ДУШАНБЕ, 12.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 12 октябр, мардуми  адабпарвари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ёдбуди Ҳофизи Шерозиро таҷлил менамоянд. Соли 1991 бо қарори ЮНЕСКО 12 октябр ба тақвими байналмилалии санаҳои муҳим шомил шуда, аз ҳамон сол инҷониб чун Рӯзи ёдбуди Ҳофизи Шерозӣ таҷлил мешавад.  

 Вақте дар хурдӣ Шамсиддин Муҳаммад ба мактаб рафт, барояш давраи хеле душвор буд. Ба ӯ лозим меомад, ки ҳам кор кунаду ҳам хонад ва муҳимаш он буд, ки аз дигар шарикдарсонаш қафо намонад. Дар натиҷаи кӯшишу ғайрати зиёд ӯ яке аз беҳтарин шогирдони мактаб гардид. Китоби «Қуръон»-ро азбар намуд ва бо лаҳну овози мутаассиркунанда онро аз ёд мегуфт. Барои ҳамин ҳам баъди се-чор сол омӯзгорон ва шарикдарсонаш ӯро Ҳофиз ном мегирифтанд.

Ҳофиз пас аз он ки савод баровард, худаш кам-кам шеър менавишт, вале ба ягон кас нишон намедод. Шарикдарсонаш аз ин кори ӯ хабар меёбанд. Шамсиддин дар шеърҳои эҷодкардааш тахаллуси «Ҳофиз»-ро мегузорад. Ӯ мактабро хатм намуд ва ба мадраса дохил шуд. Ӯ дар ин ҷо ҳам нуҷум, ҳандаса, ҳисоб, таърих, фалсафа ва каломи бадеъ омӯхт. Пас аз хатми мадраса ба ӯ унвони «Хоҷа»-ро доданд, ки ин маънои донишманд, олим, ҳаким ва устодро дошт.

Рӯз аз рӯз қалами Ҳофиз сайқал меёфт. Шеърҳои ӯро хосу ом аз бар мекарданд. Дар маҷлиси шуаро шеър мехонд ва таҳсину офарин мешунид. Шӯҳрати шоирии Ҳофиз дар Шероз паҳн шуд. Овозаи ӯ ба гӯши ҳокими Шероз Шайх Абуисҳоқ расид ва ӯ Ҳофизро ба дарбор даъват кард. Азбаски Абуисҳоқ шахси фозилу шоирпарвар буд, Ҳофиз даъвати ӯро қабул намуд. Ҳаёти дарбор чандон тӯл накашид.

Зиндагии ӯ фақирона мегузашт. Ҳаёти фоҷиавии оилавӣ шоирро барвақт пир кард. Аввал писараш вафот мекунад ва баъдтар занаш. Ин ду ҳодисаи нохуш ба рӯзгори минбаъдаи Ҳофиз таъсири амиқ расонид. Акнун ӯ бо писари охиринаш Шоҳ  Нӯъмон танҳо монд. Шоир дар ёди зану фарзанди ҷигарбандаш шабу рӯз менолид. Ҳасудон ва дигар ашхоси нолоиқ ба ҳамаи ин дарду алами Ҳофиз нигоҳ накарда, ӯро озор медоданд. Ба қадри ӯ намерасиданд. Бинобар ин Ҳофиз маҷбур шуд, ки ба Язд сафар кунад.

Сухандонию хушхонӣ намеварзанд дар Шероз,

Биё, Ҳофиз, ки мо худро ба мулки дигар андозем.

Писари хурдии Ҳофиз низ вафот мекунад. Марги фарзанди охирин барои Ҳофиз хеле вазнин афтод. Шероз бо тамоми зебоиҳояш дар чашми шоир хира, мотамхона ва бетароват менамуд. Кунун аз ёру дӯст ва хешу ақрабои Ҳофиз ягон кас намонда буд. Аз ин ҷост, ки ёди бобоёну аҷдоди худ карда, ба Исфаҳон сафар намуд.

Ҳофиз дар замони ҳаёти худ ашъори бисёреро бештар ба сурати ғазал суруду аз худ китоберо бар ҷой гузошт, ки бо номи  «Девони ғазалиёти Ҳофиз» шуҳрат дорад. Вай дар сурудани ашъору шеваи суханпардозӣ аз Хоҷуи Кирмонӣ, шоири бузурги нимаи аввали қарни ҳаштум илҳом гирифт ва дар ниҳоят ба яке аз муҳимтарин намунаҳо барои шоирони пас аз худ табдил шуд. Дар қарнҳои ҳаждаҳуму нуздаҳуми мелодӣ буд, ки ашъори вай ба забонҳои аврупоӣ тарҷума шуданд ва номаш ба маҳфилҳои адабии ҷаҳони Ғарб низ роҳ пайдо кард. Дар дунёи имрӯз бисёре аз адибон дар саросари ҷаҳон номи Ҳофизро ба хубӣ мешиносанд ва дар мутолиъоташон аз ашъору навиштаҳои вай баҳраи бисёре мебаранд.

Девони Ҳофиз, ки шомили ҳудуди 500 ғазал, чанд қасида, ду маснавӣ, чандин қитъаву теъдоде рубоӣ аст, то кунун беш аз чаҳорад бор ба шаклҳову шеваҳои гуногун ба забони форсӣ ва дигар забонҳои ҷаҳон ба чоп расидааст. Шояд теъдоди нусхаҳои хаттии сода ё орододашудаи он дар китобхонаҳои Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, Туркия ва ҳатто кишварҳои ғарбӣ аз ҳар девони форсии дигаре бештар бошад

Иоҳан Гёте дар бораи Ҳофизи Шерозӣ чунин навиштааст: «Ҳофизи Шерозӣ, ки маҳз бо ҳамин ному тахаллус оламгир шудааст, боиси ифтихор ва сарбаландии мардуми Аҷам аст. Беш аз шашсад сол осмони фарҳангу адаби тамаддуни башариро чун хуршеди тобон нуру зиё бахшидааст. Ғазалҳои шӯрангезу диловезаш ба дардҳо дармон, ба ҷонҳо сомон ҳадя бинмуда, зиндагии инсонҳои сайёраро боз ҳам ширину рангин намудаанд. Аз ин хотир, пеши пояш бузургтарин шахсиятҳои дунё сари таъзим фуруд овардаанд.

Эй бехабар, бикӯш, ки соҳибхабар шавӣ,

То роҳрав набошӣ, кай роҳбар шавӣ?

Дар мактаби ҳақоиқ пеши адиби ишқ,

Ҳон, эй писар, бикӯш, ки рӯзе падар шавӣ.

Даст аз миси вуҷуд чу мардони раҳ бишӯй,

То кимиёи ишқ биёбию зар шавӣ.

Хобу хурат зи мартабаи хеш дур кун,

Он гаҳ расӣ ба хеш, ки бехобу х(в)ар шавӣ.

Гар нури ишқи Ҳақ ба дилу ҷонат уфтад,

Биллаҳ, к-аз офтоби фалак хубтар шавӣ.

Як дам ғариқи баҳри Худо шав, гумон мабар,

К-аз оби ҳафт баҳр ба як мӯй тар шавӣ.

Аз пой то сарат ҳама нури Худо шавад,

Дар роҳи зулҷалол чу бепову сар шавӣ.

Ваҷҳи Худо агар шавадат манзари назар,

 З-ин пас шаке намонд, ки соҳибназар шавӣ.

Бунёди ҳастии ту чу зеру забар шавад,

Дар дил мадор ҳеч, ки зеру забар шавӣ.

Гар дар сарат ҳавои висол аст, Ҳофизо,

Бояд, ки хоки даргаҳи аҳли ҳунар шавӣ.

***

Эй насими саҳар, оромгаҳи ёр куҷост?

Манзили он маҳи ошиқкуши айёр куҷост?

Шаби тор асту раҳи водии Айман дар пеш,

 Оташи Тур куҷо, мавъиди дидор куҷост?

 Ҳар кӣ омад ба ҷаҳон, нақши харобӣ дорад,

Дар харобот, бигӯед, ки ҳушёр куҷост?

Он кас аст аҳли башорат, ки ишорат донад,

 Нуктаҳо ҳаст басе, маҳрами асрор куҷост?

Ҳар сари мӯйи маро бо ту ҳазорон кор аст,

Мо куҷоему маломатгари бекор куҷост?

Бозпурсед зи гесӯи шикан дар шиканаш,

 К-ин дили ғамзада саргашта гирифтор куҷост?

Ақл девона шуд, он силсилаи мушкин ку,

 Дил зи мо гӯша гирифт, абруи дилдор куҷост?

Соқию мутрибу май ҷумла муҳайёст, вале

 Айш бе ёр муҳанно нашавад, ёр куҷост?

Ҳофиз, аз боди хазон дар чамани даҳр маранҷ,

Фикри маъқул бифармо, гули бехор куҷост?

 Ҳофиз чанд сол дар Исфаҳон ҳаёт ба cap мебарад. Ӯ боз ба зодгоҳаш баргашта, поёни умри хешро дар Шероз мегузаронад ва соли 1389 дар Шероз вафот мекунад. Ӯро дар наздикии шаҳри Шероз, яъне Мусалло, дар байни дарахтони ҳамешасабз ва гулҳои рангоранг дафн намуданд. Имрӯз ҳам мавзеи Мусалло ободу зебо буда, зиёратгоҳи мардумони олам аст. Сайёҳони зиёде ҳар сол ба Шероз омада, мақбараи Ҳофизро зиёрат мекунанд.

 Таҳияи АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 12, 2021 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Имрӯз дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
«ВАССОФИ ВАТАН». Пагоҳ дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад