ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-23) дастаи Лубнонро мағлуб намуд
ДУШАНБЕ, 26.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни футболбозони то 23-сола дар гурӯҳи «В» оғоз ёфт. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-23) бо роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар даври аввал бар дастаи Лубнон бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Голи ягонаи дидорро ҳимоятгари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Ваҳдат Ҳаннонов дар дақиқаи 87-ум зад.
Дар бозии дигари гурӯҳ дастаи мунтахаби олимпии Эрон ба дарвозаи Непал 4 голи беҷавоб зад.
28 октябр дар даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дастаи олимпии Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Непал бозӣ мекунад. Дидори дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мегардад.
Бозиҳои оянда:
Даври 2-юм
28 октябр (панҷшанбе)
16:00. Лубнон – Эрон
19:00. Непал – ТОҶИКИСТОН
Даври 3-юм
31 октябр (якшанбе)
16:00. Лубнон – Непал
19:00. Эрон – ТОҶИКИСТОН
АКС аз ФФТ








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






