Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои СҲШ 59 фоизро ташкил дод

Октябрь 15, 2021 12:37

ДУШАНБЕ, 15.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр тариқи видеоконфронс ҷаласаи навбатии вазирони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки ба фаъолияти иқтисодӣ ва тиҷоратии хориҷӣ масъуланд, баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар ҷаласа муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода иштирок намуда, бо ҳамтоёни худ оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар фазои СҲШ суҳбат намуд.

Абдураҳмон Абдураҳмонзода зикр намуд, ки дар 9 моҳи соли 2021 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои СҲШ беш аз 59 фоизи ҳаҷми умумии гардиши савдои кишварро ташкил намуда, якчанд самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар доираи фаъолияти СҲШ пешниҳод шуданд.

Акс аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Октябрь 15, 2021 12:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии рейтингии байналмилалии «Standard & Poor’s» ба дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон баҳои сазовор дод
Ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи нафту газ тақвият меёбад
Гузариш ба гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ қадами муассир дар самти беҳтарнамоии фаъолияти сохторҳои давлатӣ аст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои иттилоотӣ ҳамкорӣ менамоянд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар бахшҳои мошинсозӣ, дорусозӣ ва истихроҷи маъдан густариш медиҳанд
Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад
Дар Суғд оид ба муаррифии имконоти сармоягузории минтақа форуми тиҷоратӣ баргузор шуд
Истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон қариб 5 баробар афзоиш ёфтааст
Тоҷикистон ва WIPO ҳамкориро дар соҳаи рушди инноватсия тақвият медиҳанд
Хайринисо Идрисова: «Дастрасӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид