ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар музофоти Кундузи* Афғонистон бар асари таркиш дар масҷиди шиаҳо беш аз 100 нафар кушта шуданд
ДУШАНБЕ, 08.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 8 октябр, дар музофоти Кундузи* Афғонистон бар асари таркиши шадид дар масҷиди шиаҳои Сайидобод беш аз 100 нафар кушта ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора хабаргузории «Al Arabia» иттилоъ дод.
Таркиш тақрибан соати 13:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 14:00 ба вақти Душанбе) ҳангоми ҷамъ шудани издиҳоми зиёди мардум барои намози ҷумъа содир карда шуд. Бино ба маълумоти пешакӣ, таркишро маргталаб вориди масҷид шуда, анҷом додааст.
Ҳаракати «Толибон»*, ки қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт, ҳамлаи террористиро ба дӯши ҷангиёни «Давлати исломӣ дар Хуросон», ки шохаи созмони террористии «Давлати исломӣ»* мебошад, бор кард.
Ба гуфтаи сухангӯи ҳаракати «Толибон» Забиуллоҳ Муҷоҳид, неруҳои махсус дар маҳалли таркиш қарор доранд ва ҳоло тафтиш бурда мешавад. Сухангӯи вазорати корҳои дохилии Афғонистон Саид Хостӣ ба «РИА Новости» хабари таркишро тасдиқ кард, аммо тазаккур дод, ки шумораи қурбониён маълум нест.
Қобили зикр аст, ки инфиҷор ва ҳамлаҳои террористӣ дар масоҷиди шиамазҳабиёни Афғонистон қаблан низ рух дода буданд, аммо ин аввалин таркиш аз замони ба даст овардани ҳокимият аз ҷониби Толибон* аст.
_______________________________
* Ташкилоти террористии мамнуъ дар Тоҷикистон
*Кундуз – дар қуруни вусто Куҳандиж, Кӯҳанздиз («Ман ба асли ҳар сухан рафтам беҳ аз чандин туе, Кундузеро, ки ту медонӣ, куҳандиз будааст». Лоиқ).
АКС аз манбаъҳои боз








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






