Ифтитоҳи коргоҳи коркард ва бандубасти асал дар ноҳияи Ховалинг

Октябрь 3, 2021 10:30
ДУШАНБЕ, 03.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг ба фаъолияти Коргоҳи коркард ва бандубасти асал оғози расмӣ бахшиданд.

Самти асосии фаъолияти коргоҳи нав ба истеҳсол, ҷамъоварии асали табиии кӯҳӣ аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, коркарду бандубасти асали аз лиҳози экологӣ тоза ва содироти он ба хориҷи кишвар нигаронида шудааст.

Коргоҳ дар асоси ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Оби Ховалинг” Файзалии Рустам бунёд гардидааст.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин коргоҳ 20 нафар сокини маҳаллӣ, ки аксарашон духтарону занони хонашин мебошанд, бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Асали табиӣ барои коркард ва бандубаст ба коргоҳ аз занбӯрҳои ҷамъият ва занбӯрпарварони минтақа дастрас карда мешавад.

Коргоҳи муосир имкон дорад, ки дар як шабонарӯз 6 ва дар як моҳ 180 тонна асали табииро коркард ва босифати баланд бандубаст намояд.

Хати истеҳсолии коргоҳ аз гарм кардани асал аз 30 то 35 дараҷа оғоз гардида, аз тоза кардани он аз мум ва дигар олудагиҳо то бандубасти маҳсулоти тоза дар зарфҳои алоҳида тавассути дастгоҳҳои муосир дар 8 марҳила мавриди коркард қарор мегирад. Ҳамзамон тавассути дастгоҳҳои коргоҳ раванди хушбуйкунии асал ва пастеризатсияи он амалӣ гардида, шахшавии асал аз байн бурда мешавад, ки он босифати баланд бандубаст мешавад.

Асали коргоҳ табиии кӯҳӣ буда, аз 5 намуд, аз ҷумла моҳи майӣ, тобистона, асал бо мум, бо бодому чормағзи Ховалинг ва асали махсуси табобатӣ иборат мебошад.

Маҳсулоти коркардшудаи коргоҳ дар зарфҳои шишагӣ ва чубин аз дарахти шоҳбулут аз 250 грамма то 55 килограмма бандубаст ва ба бозори дохилӣ ва хориҷи кишвар пешниҳод карда мешавад.

Борҷомаҳо барои бандубасти маҳсулот аз корхонаҳои ватанӣ харидорӣ мегардад.

Асали бо мум истеҳсолшудаи коргоҳ дар бозори истеъмолии дохил ва хориҷи кишвар талабгорони зиёд дошта, хусусияти шифобахшии он барои муҳлати тӯлонӣ кафолат дода мешавад.

Маҳсулоти корхона баробари содирот барои тарабхонаҳо, қаҳвахона ва марказҳои табобатии мамлакат пешниҳод мегардад.

Масъулони коргоҳ дар сурати зиёд гардидани ҳаҷми содирот, нақша доранд, ки истеҳсоли зарфҳои чӯбин аз шоҳбулути гуногунро ҳам ба роҳ монанд ва ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо раванди коркард ва бандубасти асал дар ин коргоҳ бо дарназардошти имкониятҳои фаррохи ноҳияи Ховалинг дар самти афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ, бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва бо ин роҳ таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинон ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Баъди ифтитоҳи коргоҳи нав ва шиносоӣ бо раванди коркард ва бандубасти асал дар шакли муосир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо аз намоиши маҳсулоти истеҳсолии он, дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ, Хоҷагии ҷангал ва саноатчиёни ноҳияи Ховалинг боздид карданд.

Дар намоиш намудҳои гуногуни асали истеҳсолии коргоҳи навтаъсис дар 14 навъ зарфҳои шишагӣ ва чӯбин аз дарахти шоҳбулут, маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот, полезиҳо, навъҳои гуногуни картошка, ғалладонагиҳо ва маҳсулоти коргоҳу корхонаҳои саноатии ноҳия ба маъраз гузошта шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо дастовардҳои хоҷагидорону кишоварзон ва саноатчиён ба масъулон бо назардошти авзои кунунии ҷомеаи ҷаҳон ҷиҳати истифодаи боз ҳам мақсаднок аз имконоти фаррохи ноҳияи Ховалинг дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ, таъсиси коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва боло бардоштани иқтидори содиротии мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ифтитоҳи коргоҳи коркард ва бандубасти асал дар ноҳияи Ховалинг 03.10.2021

Октябрь 3, 2021 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар нуҳ моҳи соли равон дар вилояти Суғд 52 иншооти соҳаи маориф ифтитоҳ гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири фарҳанги Давлати Қатар Шайх Абдурраҳмон ибни Ҳамад ибни Ҷосим Оли Сониро ба ҳузур пазируфтанд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон ба шаҳри Турсунзода иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бо намоиши маҳсулоти истеҳсолкардаи хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бо боғҳои ангур дар Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бинои нави Муассисаи томактабии хусусии «Бибиоиша» мавриди истифода қарор доданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмони шаҳри Турсунзода сардхонаи Хоҷагии деҳқонии «Ғайрат 2020»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии таълимӣ дар назди Литсей-интернати шаҳри Турсунзода, 4 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 2 муассисаи томактабии хусусиро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзодаро мавриди истифода қарор доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯИ ДАВЛАТӢ. Дар Шуғнон осоишгоҳи табобатӣ ва корхонаҳои саноатӣ ба истифода дода шуданд
КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Тариқи он 653 нафар ҷавонони Бадахшон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил доранд
ДАРВОЗАИ ТИЛЛОИИ ТОҶИКИСТОН. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Бадахшон 250 километр роҳ, як нақб ва 26 пул ба истифода дода шуд