ИМА ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 20 мошини Jeeps J8 супорид
ДУШАНБЕ, 07.10.2021 /АМИТ «Ховар/. ИМА дар доираи мустаҳкамгардонии сарҳад ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 20 адад мошини кӯҳгард супорид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати ИМА дар Душанбе хабар медиҳад.
Мошинҳо дорои арзиши 1,4 миллион доллар буда, ба неруҳои махсуси Вазорати дифоъ имкон медиҳанд, ки дар манотиқи душворгузари марз амалиёт анҷом диҳанд, омадааст дар сомонаи сафорат.
Дар маросими тақдими мошинҳо муовини Вазири мудофиаи Тоҷикистон оид ба техника ва таъминоти он, генерал-майор Хусрав Бобозода ва Сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ҳузур доштанд.
«Ин кумаки бебозгаште, ки мо ба Тоҷикистон расонидем, намунаи дастгириҳои мо баҳри таъмини бехатарии сарҳад мебошад. Мо аз Тоҷикистон баҳри ҳамкории судманд дар самти бехатарии сарҳад хушнудем ва ифтихор аз дастовардҳои дуҷониба дорем. Мо дар самти мубориза бо терроризм, мубодилаи ғайриқонунии маводи мухаддир ва паҳнкунии силоҳи ядроӣ ҳамчун шарик боқӣ мемонем. Мо замоне пурқувват ҳастем, ки дар якҷоягӣ амал мекунем»,- зикр намуд сафир дар ҷамъомад.
Шурӯъ аз соли 1992 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 330 миллион доллар кумаки низомӣ расонидааст. Дар доираи ин кумакҳо ба сохторҳои қудратии Тоҷикистон 358 адад воситаи нақлиёт ба маблағи 10,5 млн доллар дода шудааст.









Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид






