Имрӯз дар Душанбе Анҷумани VI омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви ИДМ доир гардид

Октябрь 28, 2021 13:22

ДУШАНБЕ, 28.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Анҷумани VI омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зери унвони «Фазои таълимии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил- манбаи стратегии рушди устувор» ба кори худ оғоз намуд. Дар он омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон иштирок доранд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар». 

 Зимни ифтитоҳи анҷуман Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва демократӣ соҳаи маорифро ҳадафи стратегӣ ва афзалиятнок қарор дода, пайваста барои рушди он тадбирҳои таъхирнопазир меандешад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳ ба он хотир бештар равона мегардад, ки он ба тарбияи кадрҳои ба бозори меҳнат рақобатпазир, соҳибмаърифат, бофарҳанг, мустақил, эҷодкору навовар мусоидат мекунад.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён тазаккур дод, ки дар замони муосир инсон танҳо ба василаи имтиҳон ва илм метавонад мавқеи арзанда дар ҳаёт дошта, онро ба манфиати худу ҷомеа ва дигар давлатҳо самаранок истифода намояд.

Ҳамчунин зикр шуд, ки ояндаи ҳар кишвар аз рушди маориф ва илм вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон тамоми кӯшишу ғайрати худро ба тарбияи насли босаводу маълумотнок, соҳибмаърифату болаёқат равона менамояд, зеро маҳз ҷавонони болаёқату соҳибмаърифат метавонанд дар пешбурди ҷомеа саҳм гузоранду дар ҷаҳони мутамаддин дастовардҳои худро муаррифӣ намоянд.

Ҳадафи асосии баргузории Анҷумани VI омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фароҳам овардани шароит ба рушди равандҳои ҳамгироӣ, ҷустуҷӯи фаъолонаи шакл ва механизмҳои нав, ҳамкории узви кишварҳои ИДМ дар соҳаи маориф ва муҳимтар аз ҳама, табодули таҷриба ва рушди соҳаи маорифи кишварҳои узви ИДМ мебошад.

Анҷуман аз рӯйи 5 номина баргузор гардида, дар он муайян кардани роҳҳои муассири таъмини таълими дастрас ва босифат дар ҳама сатҳҳо ва рақамикунонӣ дар соҳаи маориф, вазъ ва дурнамои рушди илми педагогика дар кишварҳои ИДМ, муносибатҳои инноватсионӣ дар татбиқи стандартҳои касбии омӯзгор ва ташкили корҳои таълимӣ дар ташкилоти таълимии кишварҳои ИДМ, фаъолсозӣ ва рушди шарикӣ байни ташкилоти таълимии кишварҳои узви ИДМ бо мақсади таҳкими ҳамкории байналмилалии башардӯстона дар фазои ИДМ, ҳамкорӣ дар вусъат, паҳн ва ҳифзи забони русӣ ҳамчун воситаи муҳимтарини ҳамгироии кишварҳои узви ИДМ идома ёфта, миёни иштирокдорон вобаста ба номинаҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.

Сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Камолзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки баргузории чорабинии мазкур метавонад дар рушду такомули низоми маорифи мамлакат ҷойи назаррас дошта бошад.

«Мубодилаи афкоре, ки миёни устодон ва кормандони соҳаи маориф ва илми давлатҳои узви ИДМ баргузор мешавад, барои ҳар яки онҳо мубодилаи таҷрибаи нав, бархурди навовариҳое, ки дар дигар давлатҳои ИДМ ин таҷриба ворид карда шудааст, буда, метавонад боиси такон бахшидани фаъолият ва раванди инкишофи низоми маорифи Тоҷикистон гардад»,- иброз намуд мавсуф.

Ҳамчунин дар ҷараёни Анҷуман ба як гурӯҳ омӯзгорон ва кормандони кишварҳои узви ИДМ нишони «Аълочии маорифи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» тақдим гардид.

Анҷумани омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ду сол як маротиба доир мегардад ва он ба фароҳам овардани шароит барои рушди равандҳои ҳамгироӣ, ҷустуҷӯи фаъолонаи шаклҳо ва механизмҳои нави ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи маориф мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи Анҷуман пагоҳ, 29 октябр нахустин Фестивали маҳорати педагогии омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз АМИТ «Ховар»

Октябрь 28, 2021 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Самарқанд спектаклҳои «Хунхори Торросӣ» ва «Агар ҷанг намебуд» намоиш дода мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар самти таҳқиқ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ густариш меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои директорони осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ иштирок намуд
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ». Дар Ҷумҳурии Арабии Миср намоиши байналмилалӣ ифтитоҳ ёфт
Ғолиби «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шаина Мабатқадамова: «Маслиҳати падаронаи Сарвари давлат маро руҳбаланд кард»
МЕҲРГОН-ИДИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Ин ҷашни бостонии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид
САНЪАТИ РУБОБСОЗӢ ВА РУБОБНАВОЗӢ. Ин асбоби мусиқии миллии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид карда шуд
Дар маҷаллаи бонуфузи «Diplomatic Insight Publishers» -и Покистон матлабе дар бораи дипломатияи ҷаҳонии оби Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев барои баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд шароит муҳайё гардид
Масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо фаъолияти Маркази таҳқиқоти экологии шаҳри Акита шинос шуд
Дар Донишгоҳи Акита лоиҳаи муҳаққиқи тоҷик муаррифӣ гардид