Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид

Октябрь 28, 2026 10:15

ДУШАНБЕ, 28.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр дар шаҳри Боку дар доираи Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон Одил Каримлӣ вохӯрӣ намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Озарбойҷон, густариши ҳамкории фарҳангӣ, табодули таҷриба ва татбиқи ташаббусҳои муштаракро баррасӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки  Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» аз 27 то 29 октябр дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон доир мегардад. Ин форум аз соли 2008 инҷониб ҳамчун минбари муҳими байналмилалӣ барои густариши муколамаи байнифарҳангӣ, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ доир мегардад.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 28, 2026 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид