Имрӯз дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Непал бо ҳам рақобат мекунанд

Октябрь 28, 2021 13:03

ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 19:00, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии даври дуюми Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футбол миёни дастаҳои  мунтахаби  ҷавонони  то 23-солаи  Тоҷикистон бо дастаи Непал баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

26 октябр дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни футболбозони то 23-сола дар гурӯҳи «В» оғоз ёфт. Дар даври аввал дастаи мунтахаби ҷавонони  то 23-солаи  Тоҷикистон   бо роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев бар дастаи мунтахаби ҷавонони  Лубнон бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.

Голи ягонаи рақобатро ҳимоятгари дастаи футболи   «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Ваҳдат Ҳаннонов дар дақиқаи 87-ум ба нишон расонид. Дар бозии дигари гурӯҳ дастаи мунтахаби ҷавонони  Эрон ба дарвозаи дастаи мунтахаби ҷавонони Непал 4 голи беҷавоб зад.

Бозиҳои оянда:

Даври 2-юм

28 октябр (панҷшанбе)

16:00. Лубнон – Эрон

19:00. Непал – ТОҶИКИСТОН

Даври 3-юм 

31 октябр (якшанбе)

16:00. Лубнон – Непал

19:00. Эрон – ТОҶИКИСТОН

                                                                  АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 28, 2021 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) панҷ бозии санҷишӣ анҷом дод
Рақибони дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 муайян шуданд
Бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 28-29 март доир мешаванд
ФУТБОЛ. Ҳайати ҳакамон аз Узбекистон бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Беларусро доварӣ менамояд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳо ба муқобили дастаҳои мунтахаби Беларус ва Тимори Шарқӣ оғоз намуд
ФУТБОЛ. Тоҷикистон мизбони марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои мунтахаби занон интихоб шуд
«ҶОМИ РУШД-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаҳои Русия, Эрон ва Қазоқистон бозӣ мекунад
Довари тоҷик бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 оид ба футзал байни занонро ҳакамӣ дорад
Дар Душанбе даврҳои мураббигии футбол барои дарёфти сертификати «С» ба анҷом расиданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо тими Арабистони Саудӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Довари тоҷик Исмоил Нуралиев дар Ҷоми Осиё-2025 байни ҷавонон (U-20) кор мекунад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Беларус бозии дӯстона баргузор мекунад