ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОШПАЗҲО. Ин ҳунар истеъдод, ҳиссиёти таъм ва маҳорати махсус талаб мекунад

Октябрь 20, 2021 16:02

ДУШАНБЕ, 20.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар сол 20 октябр Рӯзи байналмилалии ошпазҳо ва мутахассисони ошпаз таҷлил мешавад. Аввалин маротиба соли 2004 Ассотсиатсияи байналмилалии ҷамъияти ошпазон, ки  8 миллион намояндагони ин касбро аз мамлакатҳои мухталифи олам муттаҳид менамояд, ин идро эълон намуд. Ҳоло Рӯзи байналмилалии ошпазҳо дар зиёда аз 100 мамлакати ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.

Дар зиндагӣ чизҳое ҳастанд, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешаванд. Маззаҳое ҳастанд, ки ба муддати тӯлонӣ дар хотираи инсон мемонанд, зеро беназиранд. Баъзе одамон бар ин ақидаанд, ки ошпазӣ кори осон аст ва ҳеҷ мушкил надорад. Дар асл ин касб аз инсон истеъдод, ҳиссиёти таъм ва маҳорати махсус талаб мекунад. Ошпази моҳир бояд бодиққат, нозук ва дорои хотираи қавӣ бошад. Зеро соатҳои дароз, баъзан то нисфи шаб дар ҳолати омодагӣ буда, бодиққат кор кардан лозим мешавад. Иҷрои ин касб сарбории ҷисмонию равонӣ ва масъулияти баланд дорад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омода намудани ошпазони моҳир дар литсей, коллеҷҳои касбӣ, марказҳои касбомӯзӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ курсҳои кӯтоҳмудат фаъолият мекунанд, ки ба хоҳишмандон тарзи омода намудани тамоми намуди таомҳоро меомӯзонанд. Аз назари устодони ошпаз, мутахассиси ин касб бояд дар соҳаи физиология, химия, санъати тасвирӣ дониши зарурӣ, инчунин ҳиссиёт ва завқи баланди бадеӣ дошта бошад.

Мардуми тоҷик дорои хӯрокҳои миллии худ буда, анъанаҳои таомпазӣ дар тӯли асрҳо ташаккул ёфтаанд, мардум беҳтарин дастурҳоро нигоҳ дошта, ба наслҳои худ мерос мегузоранд.

Аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба рушди сайёҳӣ заминаи мусоид гузошт. Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ аз нав эҳё гашта, сайёҳони дохилию хориҷӣ аз лаззати таомҳои миллӣ баҳра мебаранд.

Ҳамчунин баргузор намудани фестивалу идҳо, аз ҷумла иди «Оши палав», фестивали «Хӯрокҳо ва пуфакҳои ҳавоӣ», фестивали баҳории хӯрокҳои миллӣ, озмунҳои «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам», «Хӯришҳои миллӣ», «Яхмос ва обҳои ташнагишикан» ва дигар иду ҷашнҳо, инчунин ба кор оғоз кардани тарабхонаву ошхонаҳо бо унсурҳои миллӣ ба рушди саёҳати гастрономӣ ва ҷалби бештари сайёҳон такони ҷиддӣ бахшиданд.

Бояд гуфт, ки хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дар ҷаҳон машҳур буда, санъати пухтупази халқи тоҷик дар тӯли садсолаҳо зери таъсири таърихи ғанӣ ташаккул ёфтааст. Он таърихи куҳан дошта,   дар тӯли ҳазорсолаҳо  дар масири қарнҳо ташаккул ёфтааст. Хӯрокҳои миллии тоҷикон бо гуногунии худ, ки навъҳои мухталиф –хамирӣ, гӯштӣ, ширӣ, сабзавотӣ ва ғайраро дар бар мегиранд, аз ҳамдигар тафовут доранд.

Яке аз хӯрокҳои миллии мо- оши палав соли 2016 дар ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар қатори беҳтарин намунаҳои фарҳанги ғайримоддии ҷаҳонӣ сабти ном гардид.

Бояд гуфт, ки бори аввал 10 ноябри соли 2018 дар Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Душанбе Фестивали «Оши палав» баргузор гардид, ки дар деги азим як тонна ош пухта шуд. Тайёр намудани ош нимашаб оғоз гардида, тақрибан 6 соат идома кард. 7 нафар ошпазони тоҷик таҳти роҳбарии Собирҷон Муҳаммадҷонов дар деги махсус як тонна оши палав омода намуданд. Оши яктоннагиро  ба хотири пойтахти Тоҷикистон «Душанбе» ном гузоштанд.

Оши палав  як навъ  хӯроки анъанавиест, ки  миёни мардуми  тоҷик маҳбубияти беандоза дорад. Дар ин росто оши палавро «шоҳи  таомҳо»  ҳам меноманд.

Бояд зикр кард, ки  ҷашну маросими тоҷикон бидуни  оши палав намегузарад. Палав боиси  афзудани  эътибори   дастархони  тӯю   маъракаҳои тоҷикон аст. Агар ба хонаи тоҷикон меҳмон ояд, мизбон ҳатман барои иззату эҳтироми меҳмон оши палав мепазад.

Оши палав  аз сабзӣ, биринҷ, гӯшт, равған, пиёз омода карда шуда, ба он мувофиқи табъ мурчу зира, заъфарон, нахӯд,  сирпиёз, себи биҳӣ, зелол,  мавиз, лимӯ ва  дигар  анвои хуштаъмкунанда илова карда мешавад. Тарзи омода намудани оши палав аз се марҳила: бирён кардани зирбак, ҷӯшонидани  маҳсулот дар дег ва дам андохтани биринҷ иборат буда, барои пухтани  оши палав деги чӯянӣ  мувофиқ мебошад.

Бояд зикр кард, ки  дар тӯли асрҳо миёни мардуми тоҷик навъҳои гуногуни  оши палав маъмул аст. Ба мисли палави баргитокӣ, палави софӣ, оши кенҷа, оши девзира, оши заъфаронӣ, қимапалав, оши дампухт, оши кӯҳнадам, оши биҳигин, оши як ба як, оши ҳафтравған,  иликпалав, халтапалав, сурхпалав, ки дар маҷмӯъ беш аз 200 намудро ташкил медиҳанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Октябрь 20, 2021 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳилолбӣ Қурбонзода дар Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба анҷоми раёсати Қазоқистон дар Муколамаи занони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
ҲАФТАИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Дар Душанбе бахшида ба 75- солагии Эъломияи умумии ҳуқуқи башар мизи мудаввар баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон байни сарбозону афсарон ва ҷавонони синни тодаъватии шаҳри Норак вохӯрӣ доир гардид
3 ДЕКАБР -РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Давоми се соли охир дар Тоҷикистон нишондиҳандаи маъюбӣ 7 фоиз паст фароварда шуд
«БЕҲТАРИН ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН». Имрӯз маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Дохил шудан ба низоми хизмати давлатӣ ва фаъолият дар он барои ҳар хизматчии давлатӣ шараф ва ифтихор аст
ХУШҲОЛОНА ЗИНДАГӢ НАМО – АЗ ВАЗЪИ СОЛИМИИ ХУД ОГОҲ БОШ! Дар Академияи идоракунии давлатӣ вохӯрӣ баргузор гардид
ТАДБИРҲОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҚОМИ ЗАН ДАР ҶОМЕА. Аз тасвиби ин Фармони таърихии Президенти Тоҷикистон 24 сол сипарӣ гашт
1 ДЕКАБР- РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ (ВНМО-ВИЧ/СПИД). Соли 2023 дар ҷаҳон тақрибан 1,7 миллион сирояти нав ба қайд гирифта шудааст
«БЕҲТАРИН ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН». 77 довталаб аз ҳисоби занон ба даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд
ЗИМИСТОН ФАРО РАСИД. Дар моҳи аввали ин фасл Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд