Китоби «Тоҷикон» — туҳфаи арзишманди Пешвои миллат ба сокинони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе тақдим мегардад
ДУШАНБЕ, 25.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз туҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — китоби «Тоҷикон» ба ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе расид. Теъдоди китоби мазкур 25 ҳазору 96 ададро ташкил дода, аз номи Пешвои миллат ба ҳар оилаи ноҳияи мазкур тақдим мегардад, иттилоъ доданд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба АМИТ «Ховар».
Дар ҳукумати ноҳия аз ҳисоби раисони маҳаллаҳо ва кормандони мақомоти иҷроия гурӯҳи корӣ ташкил гардида, аъзои гурӯҳи мазкур ин туҳфаро ба ҳар оилаи ноҳия мерасонанд.
Зикр гардид, ки мақсади асосии чунин иқдом- шиносоӣ бо гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси худшиносии насли имрӯзу фардои миллат мебошад. Мутолиаи шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров- китоби «Тоҷикон» барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ муҳим арзёбӣ гардида, ин иқдоми наҷибонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоистаи таҳсину ситоиши ҳамагон аст.
Мавриди зикр аст, ки китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик аз ҳисоби фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп гардида, аз номи Сарвари давлат ҳамчун туҳфа ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар оилаи мамлакат тақдим мегардад. Ин ганҷинаи пурарзиш- китоби «Тоҷикон» барои ҳар фарди Тоҷикистон сарчашмаи муҳими худомӯзӣ мебошад ва ҳар хонанда метавонад аз он баҳра бардошта, донишашро такмил диҳад.
Китоби «Тоҷикон» барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани анъанаҳои неки ниёгон тарбия намудани наврасону ҷавонон аз аҳамияти муҳим бархӯрдор аст. Ин шоҳасар насли имрӯз ва ояндаи миллатро ба он ҳидоят менамояд, ки аз гузашта сабақ гирифта, бо мутолиаи ин асари пурарзиш аз таърихи гузаштаи миллати тамаддунофари худ огоҳ гарданд.
АКС аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И. Сомонӣ








Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд
Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Аз ёдгории таърихии «Сайёд» муҳри шоҳии марбут ба аҳди Кӯшониён дарёфт гардид
Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат» конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшон баргузор мегарданд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Малакаи котибони озмун барои кор бо портали электронӣ такмил дода мешавад
Оид ба вазъ ва дурнамои хизматрасонӣ ба истифодабарандагон дар китобхонаҳо ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Варзоб баргузор шуд






