Маликшо Неъматзода зимни сафар ба Бадахшон бо татбиқи ҷамъиятии қонунгузории меҳнат шинос шуд

Октябрь 19, 2021 10:35

ДУШАНБЕ, 19.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ҷиҳати пешбурди сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус шарикии иҷтимоӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи мазкур.

Дар доираи сафари корӣ Маликшо Неъматзода бо раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов вохӯрӣ намуд. Мусоҳибон масъалаҳо атрофи вазъи кунунии иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии вилоят, саҳми ташкилоти иттифоқҳои касаба дар пешбурди раванди истеҳсолот, ҳамчунин ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳо, ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодии аъзои иттифоқҳои касабаро баррасӣ намуданд.

Маликшо Неъматзода ҳамчунин дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони соҳаи бофандагӣ ва саноати сабуки Тоҷикистон дар доираи барномаи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд, иштирок намуд.

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ҳамчунин бо мақсади шиносоӣ, назорати татбиқи ҷамъиятии қонунгузории меҳнат, ки тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар дӯши ин ниҳод вогузор шудааст, аз фаъолияти меҳнатӣ, шароити корӣ ва таъмини бехатарии меҳнат бо кормандон ва маъмурияти Ширкати барқии «Помирэнерҷӣ» вохӯрӣ баргузор намуд.

Октябрь 19, 2021 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид