Мария Ресса ва Дмитрий Муратов барандагони Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2021 гардиданд
ДУШАНБЕ, 08.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сармуҳаррири «Новая газета» (Русия) Дмитрий Муратов ва журналисти филиппинӣ Мария Ресса барандагони Ҷоизаи сулҳи Нобел барои соли 2021гардиданд. Дар ин бора имрӯз, 8 октябр Кумитаи нобелӣ хабар дод.
Онҳо ба ин ҷоиза барои талошҳояшон дар ҳифзи озодии сухан сарфароз гардидаанд, зикр намуданд дар Кумитаи нобелӣ.
Ҷоизаи сулҳ, тибқи васияти Алфред Нобел, «ба шахсе дода мешавад, ки муваффақияти бузургтаринро ба даст овардааст ё нисбат ба дигарон дар муттаҳидсозии халқҳо ва кам кардани шумораи артишҳои фаъол, инчунин барои баргузории конгрессҳои сулҳ ва ҷалби таваҷҷуҳ ба онҳо” фаъолият намудааст. Мувофиқи васияти охирини олим, ин ҷоиза бар хилофи дигар ҷоизаҳое, ки мувофиқи васияти ӯ таъсис ёфтаанд, на дар Стокҳолм, балки дар Осло дода мешавад. Нобел навиштааст, ки тасмим дар бораи ҷоизаро бояд кумитаи иборат аз панҷ нафар, ки парлумони Норвегия таъйин кардааст, қабул кунад. Чун анъана, аъзои кумита асосан сиёсатмадорони бознишастаи Норвегия ва раҳбарони пешини ҳизб мебошанд.
Ҷоизаи сулҳи Нобел бори аввал соли 1901 дода шуд. Солҳое буданд, ки ғолиб дар ин бахш эълон намешуд, бори охир он соли 1972 рух дода буд. Сабабҳои он ҷангҳои якум ва дуюми ҷаҳонӣ, зиддият миёни аъзои кумита ва «набудани номзадҳои арзанда» буданд.
Дар маҷмӯъ, дар таърихи Ҷоизаи сулҳи Нобел 107 нафар (аз ҷумла 17 зан) ва 25 созмон ба он сазовор шудаанд.
Маросими ҷоизасупорӣ бояд дар Осло 10 декабр — дар солгарди марги Нобел баргузор шавад.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи Нобел 4 октябр оғоз ёфт. Номи барандагони ҷоизаҳои физика, химия, тиб ва адабиёт аллакай маълум шуданд.
АКС: Кумитаи нобелии Академияи Шветсия








Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ИМРӮЗ — РӮЗИ РӮДАКӢ. Ба ин муносибат конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир мешавад
Моҳи октябр Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
21 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Бо ташаббуси Тоҷикистон «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул гардид






