Миёни соҳибкорони Тоҷикистон, Узбекистон ва Федератсияи Русия беш аз 100 шартномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид

Октябрь 22, 2021 09:02

ДУШАНБЕ, 22.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Форуми «Имконоти тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо» ва  Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2021», ки  19-20 октябр дар маркази вилоят доир шуд, беш аз 100 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар медиҳад, дар ин бора муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Мавсуф гуфт, ки Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2021» бори ҳафтум аст, ки бо мақсади муаррифии имконияти иқтисодиву саноатӣ ва кишоварзиву сайёҳии вилояти Суғд, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят ва таҳкими муносибатҳо гузаронида шуда, соли гузашта бо сабаби пандемияи коронавирус доир нашуд.

Дар ярмаркаи имсола теъдоди зиёди соҳибкорону моликони корхонаву ширкатҳои Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Узбекистон ширкат варзида, бо шарикони тоҷики худ дурнамои ҳамкориро баррасӣ карданд.

Тӯли ду рӯзи гузашта миёни соҳибкорони тоҷику рус ва тоҷику узбек мулоқоту гуфтушунидҳо барои таҳкими робитаҳо роҳандозӣ гардида, беш аз 100 шарномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

АКСҲО: МИҲД-и вилояти Суғд

Октябрь 22, 2021 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад