МО БА ХИЗМАТ МЕРАВЕМ! Даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар Душанбе 79 фоизро ташкил дод

Октябрь 21, 2021 09:31

ДУШАНБЕ, 21.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми 20 рӯзи баргузории маъракаҳои даъватӣ ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи пешбинишударо пурра ба итмом расонид. Дар комиссариатҳои ҳарбии чор ноҳияи пойтахт  иҷрои нақша 79 фоизро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки аз якуми октябр дар тамоми шаҳру навоҳии Тоҷикистон даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардида, аллакай давоми 20 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ иҷрои нақша дар қаламрави ҷумҳурӣ 52 фоизро ташкил медиҳад, иброз дошт сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар».

Давоми 20 рӯзи идомаи чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ миёни вилоятҳо иҷрои нақша дар ВМКБ ба 100 фоиз баробар буда, аллакай дар ин минтақа ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон, Ишкошим, Мурғоб ва шаҳри Хоруғ нақшаро пурра ба анҷом расонидаанд.

Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд низ муташаккилона идома дошта, иҷрои нақша дар ин вилоят давоми 20 рӯз  зиёда аз 41,2 фоизро ташкил медиҳад.

Аз маҷмӯи умумии 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон то ин дам ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Носири Хусрав аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш дода, нақшаи даъват дар қаламрави ин вилоят дар муддати 20 рӯз беш аз 40 фоиз иҷро шудааст.

Аз рӯзи оғози даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ то имрӯз иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зиёда аз 70 фоизро ташкил дода, аллакай шаҳру навоҳии Ваҳдат, Рашт, Нуробод, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш  аз анҷоми нақшаи мазкур гузориш доданд.

 АКС аз сомонаи Вазорати мудофиа

Октябрь 21, 2021 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд