Музаффар Ҳусейнзода бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия Никола Селакович мулоқот намуд

Октябрь 13, 2021 16:06

 ДУШАНБЕ, 13.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд бахшида ба 60-умин солгарди Ҷунбиши адами тааҳҳуд муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия Никола Селакович мулоқот анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷонибҳо вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои мутақобиланд судманди Тоҷикистон ва Сербия дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ гуфтугӯ намуданд.

Ҳамсуҳбатон ҳавасмандии амиқи худро барои густаришу таҳкими робитаҳои ду кишвари дӯст дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн иброз дошта, шарокатро дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, САҲА ва Ҷунбиши адами тааҳҳуд муҳим арзёбӣ карданд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Октябрь 13, 2021 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи кувайтӣ барои рушди иқтисодии арабӣ баррасӣ шуд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон дар Ню-Йорк мулоқот намуданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ мулоқот намуд
Созишнома оид ба бекор кардани талаботи раводид байни Тоҷикистон ва Сейшел ба имзо расид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири нақлиёт ва инфрасохтори Туркия мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ доир шуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеаи тоҷикон дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрӣ намуд
Дар шаҳри Риёз омодагӣ ба ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Роҳбари Миссияи кумаки Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон мулоқот намуд