Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои XXIV байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии ИДМ иштирок менамояд

Октябрь 20, 2021 10:28

ДУШАНБЕ, 20.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. 20-22 октябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи навбатии XXIV Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии  давлатҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил доир мегардад, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ҷониби Тоҷикистонро дар ин ҷаласа  Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Илҳомҷон Оймуҳаммадзода намояндагӣ намуда, дар он суханронӣ мекунад.

Дар назар аст, ки дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи геология ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, натиҷаи фаъолияти Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии  давлатҳои узви ИДМ дар солҳои 2019-2021, иҷрои қарорҳои ҷаласаи XXIII, инчунин  якчанд масъалаҳои марбут ба соҳаи геологияи ИДМ мавриди баррасӣ қарор дода шаванд.

Дар кори ҷаласа иштироки аъзои Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии  давлатҳои узви ИДМ ва коршиносони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус,  Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон,  Федератсияи Русия ва намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи XXIII Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии  давлатҳои узви ИДМ соли 2019 дар шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардида, дар он тасмим гирифта шуд, ки ҷаласаи XXIV Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии  давлатҳои узви ИДМ соли 2020 дар шаҳри Тошканд гузаронида шавад. Вале бинобар вазъи эпидемиологии минтақа ва ҷаҳон соли гузашта баргузории он ба таъхир афтод.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Октябрь 20, 2021 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Берлин консерти ансамбли «Моҳирон» дар доираи фестивали байналмилалии Young Euro Classic баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар соҳаи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Кувайт ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар самти консулӣ байни Тоҷикистон ва Давлати Кувайт баррасӣ гардид
Дар Вена масъалаҳои таҳкими ҳамкории илмӣ-фарҳангии Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Анқара машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия баргузор шуданд
Масоили ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Дар Теҳрон ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон оид ба корҳои Аврупо мулоқот намуд
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори саноатии вилояти Брест шинос гардид
Дар Қоҳира масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти таблиғи фарҳанги сулҳ баррасӣ шуданд
Дар Брест ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус баргузор гардид