Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг ва намоиши гулу гиёҳҳои шифобахши ноҳияи Ховалинг

Октябрь 3, 2021 10:00

ДУШАНБЕ, 03.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ташриф оварданд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг аз намоиш — фурӯши доимии гулу гиёҳҳои шифобахш ва маводи доруворие, ки аз онҳо омода мешаванд, дидан намуданд.

Сокинон ин гулу гиёҳҳои шифобахши аз лиҳози экологӣ тозаро аз кӯҳ ва талу теппаҳои ҳудуди ноҳия ҷамъоварӣ ва дар шароити хона бандубаст менамоянд.

Дар ноҳия номгӯйи зиёди гиёҳҳои шифобахш мавҷуд аст, ки дар натиҷаи коркард барои муолиҷаи бемориҳои зиёд истифода бурда мешаванд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоиши мазкур бо назардошти сайёҳӣ будани минтақа ба сокинон ҷиҳати истифодаи оқилонаи неъматҳои табиӣ ва ба ин роҳ боз ҳам беҳтару хубтар намудани сатҳу сифати зиндагии хеш дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар ҳаминҷо суҳбати самимии ғайричашмдошти сарироҳии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони касбу кори гуногун доир гардид, ки ҷолиби диққат буд.

Сарвари давлат зимни ин суҳбат аз ҳолу аҳволи сокинони ҷамоати деҳоти Ҷомбахт пурсон шуда, онҳоро ба меҳнатдӯстӣ даъват намуданд ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани фарзандон ҳидоят карданд.

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг ва намоиши гулу гиёҳҳои шифобахши ноҳияи Ховалинг 03.10.2021

Октябрь 3, 2021 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон