Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист

Октябрь 29, 2021 09:30

ДУШАНБЕ, 29.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Хуросон ташриф оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Хуросонро мавриди истифода қарор дода, бо шароити муосири фаъолияти кормандон дар он шинос шуданд.

Иншоот дар масоҳати 7 садяк замин бо тарҳи меъмории миллӣ сохта шуда, аз ду ошёна иборат аст.

Бинои бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Хуросон аз ҷониби бинокорону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дилафрӯз” — и шаҳри Душанбе дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сохта шуда, дар он шароити муосири фаъолият барои кормандон муҳайё гардидааст.

Иншооти навбунёд аз 6 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳи замонавӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат аст.

Тамоми ҳуҷраҳои корӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, барои фаъолияти хубу пурсамари минбаъдаи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист имконияти зарурӣ мавҷуд мебошад.

Дар ноҳияи Хуросон давоми солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари бунёду ба истифода додани иншооти муосири хизматрасонию маишӣ бо мақсади беҳтар намудани сифати кору хизматрасонӣ ба сокинон биноҳои маъмурӣ ҳам бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудааст, ки ба ҳусни кӯчаву маҳаллаҳо зебоии хоса зам мекунанд.

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист 29.10.2021

Октябрь 29, 2021 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд