ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон борон ва барф меборад
ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, боридани борон ва дар доманакӯҳҳо барф дар назар аст, иттилоъ медиҳад Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, рӯзона дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 7-9 дараҷа хунук рӯзона 3+5 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок пешгӯӣ шуда, рӯзона дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳои бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок пешбинӣ шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+ 9 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1 +6 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар охири рӯз ҳарорати ҳаво паст шуда ҳарорат ба 1+6 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 6+8, рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






