Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Амфитеатрро дар деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 3.10.2021. /АМИТ Ховар»/. 3 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг Амфитеатрро, ки барои ду ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Раҳимзода Фарҳод дар масоҳати 2440 метри мураббаъ бунёд карда шудааст.
Амфитеатр бо тарҳ ва намои зебову муосир қомат афрохта, барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ дар деҳоти Лоҳутӣ, ки аз маркази ноҳия дар масофаи 10 километр ҷойгир аст, имкони мусоидро фароҳам меорад.
Иншоот дорои ҳуҷраҳои зарурӣ барои ҳунармандон, майдони марказӣ, саҳнаи намоиш, ҷойи нишасти тамошобинон ва макони болопӯшида мебошад.
Дар рафти корҳои сохтмонии Амфитеатр, ки моҳи апрели соли 2021 оғоз гардида буд, 12 нафар сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гашта, пас аз ифтитоҳ барои 3 нафари дигар низ ҷойи кори доимӣ фароҳам шуд.
Атрофи Амфитетари навбунёд бо гулу буттаҳои мавсимӣ ва ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ободу зебо гардонида шудааст.
Зимни ифтитоҳи иншоот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ифтитоҳи Амфитеатрро дар доираи ҷашни миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзанда ба сокинони деҳоти Лоҳутӣ арзёбӣ карданд.









35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди корхонаҳои хурду бузург дар Панҷакент ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мешавад
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд






