Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бинои 9-ошёнаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Октябрь 5, 2021 10:44

ДУШАНБЕ, 05.10.2021 /АМИТ«Ховар»/. Дар маҳаллаи 15-уми шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои истиқоматии 9-ошёнаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои мазкур барои хизматчиёни давлатӣ пешбинӣ гардида, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ бунёд гардидааст. Лоиҳаи иншоотро Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи “Шаҳрофар” таҳия намудааст.

Иншооти нуҳошёнаи истиқоматӣ дорои 36 ҳуҷра буда, аз хонаҳои ду ва сеҳуҷрадор иборат мебошад. Аз ҷумла, 18 манзил дорои ду ва 18 хонаи дигар дорои се ҳуҷра мебошанд. Дар маҷмӯъ масоҳати умумии ҳуҷраҳо 3 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Бо дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми хонаҳои истиқоматӣ бо ҷиҳози рӯзгор, аз қабили яхдон, телевизор, қолин ва дигар лавозимот таъмин буда, барои онҳое, ки соҳиби хона гардиданд, имконоти зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.

Тамоми ҳуҷраҳо бо оби гарму хунук таъмин буда, ҳамчунин иншоот бо хати мустақили гармидиҳӣ таъмин мебошад.

Корҳои ободонӣ дар атрофи иншоот сомон ёфта, барои сайру гашт ва фароғати истиқоматкунандагон имконоти зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, барои кӯдакон майдончаи алоҳидаи бозӣ бо дастгоҳҳои дилхушӣ сохта шуда, дар атрофи бино нишастгоҳҳо насб гардидаанд. Намои берунаи иншоот бо санъати баланди меъморӣ оро ёфтааст.

Бинои истиқоматӣ дар шаҳри Кӯлоб дар доираи тантанаҳои 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматчиёни давлатӣ маҳсуб мешавад, зеро ба ин васила мушкилоти боз 36 оилаи дигар ҳал гардид.

Зимни боздид хизматчиёни давлатӣ ба Сарвари ғамхору меҳрубони худ барои таваҷҷуҳи доимиашон нисбат ба ҳаёту зиндагии онҳо изҳори миннатдорӣ карда, иброз доштанд, ки ин ташаббус масъулияти онҳоро дар самти иҷрои вазифаҳояшон боз ҳам зиёд менамояд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нафаронеро, ки соҳиби манзилҳои истиқоматӣ гаштаанд, таҳният гуфта, онҳоро ба хизмати софдилона ва тарбияи дурусти фарзандон ҳидоят карданд.

Ба истифода додани бинои 9-ошёна дар шаҳри Кӯлоб 05.10.2021

Октябрь 5, 2021 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳоти Навбаҳори Мастчоҳ коргоҳи муосири истеҳсоли плита, симчӯбҳои бетонӣ ва коркарди шағал бунёд мегардад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо истифодаи мақсадноки замин дар ҶДММ «Тоҷ Агро» шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ корхонаи истеҳсоли асфалту бетонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ даромадгоҳи деҳоти Панҷоб ва роҳи мумфаршгардидаро мавриди истифода қарор доданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Муассисаи томактабиро ифтитоҳ намуданд
Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо ифтитоҳи бинои Раёсати молия оғоз ёфт
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Истаравшан 100 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 31 иншоот ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд 964 иншооти ҷашнӣ бунёд карда шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар гимназияҳои рақами 1 ва 4-и шаҳри Хуҷанд сохтмони биноҳои иловагӣ идома дорад
Дар Суғд 84 корхонаи нав бо 536 ҷойи кор ба истифода дода шуд